Гӯшаи эълон ва озмунҳо
Таваҷҷуҳ!
Аз 8 то 10 октябр дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони олиқадр ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд. Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба шаҳри Душанбе бо воситаҳои нақлиёти шахсӣ ворид...
07 октябр 2025, Сешанбе
Аз 1-уми сентябри соли 2025 назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда, бахусус дар хатти дуюми ҳаракати роҳ (ба истиснои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ва «Хадамоти оташнишонӣ»), шадидан сахттар карда мешавад. Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои истгоҳ, ронандаи воситаи нақлиёт мутобиқи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии...
31 август 2025, Якшанбе
Озмуни ҷойҳои кори холӣ дар Раёсати алоқаи ВКД
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин дар Раёсати алоқаи ВКД озмун эълон менамояд: Мутахассиси пешбар (3 ҷой) Талабот ба номзад: •Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT); •Насбу васли таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ; •Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN,...
26 август 2025, Сешанбе
Варақаи матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар 6 моҳи соли 2025
Дар 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13089 (2024-11804) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1285 ҷиноят зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 72 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 28 (2024-41), роҳзанӣ – 20 (2024-11), ғоратгарӣ – 57 (2024-33),...
07 август 2025, Панҷшанбе
Э ъ л о н !!!
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд расонида мешавад, ки аз 1 январ то 30 апрели 2025 дар робита ба эътибор пайдо кардани Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабр 2024, шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд...
14 апрел 2025, Душанбе
Қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар
Бо мақсади таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои тахассусӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Академия, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсия” бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи...
02 апрел 2025, Чоршанбе
Э ъ л о н !!!
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд расонида мешавад, ки аз 1 январ то 30 апрели 2025 дар робита ба эътибор пайдо кардани Фармони Президенти Федератсияи Россия №1126 аз 30 декабр 2024, шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд...
25 март 2025, Сешанбе
Бо мақсади баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёти хусусӣ дар шаҳри Душанбе аз 21 то 24 марти соли равон маҳдуд карда мешавад. Бинобарин, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёти хусусӣ хоҳиш менамояд, ки бе...
20 март 2025, Панҷшанбе
Д И Қ Қ А Т!
Аз 15 то 25 феврали соли 2025 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти “ПИЁДАГАРД” гузаронида мешавад. Муҳтарам ронандагон, падару модарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ! Талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоед! Ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракатро фаҳмонда риояи ҳатмии...
14 феврал 2025, Ҷумъа
Иттилоот оид ба гирифтани маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳангоми гирифтани маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2025 ҳатман маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи даст)-ро пешниҳод намоянд. Ба фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Дастурамал оид ба пешниҳод намудани маълумот дар...
25 декабр 2024, Чоршанбе














