Помилка
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=CREATE TABLE IF NOT EXISTS vazor_vvisitcounter(id int(11) unsigned NOT NULL auto_increment, tm int not null, ip BINARY(20) not null, ipraw VARCHAR( 40 ) default NULL , userAgent varchar(1024) default NULL, data longtext, PRIMARY KEY (id), INDEX (tm), INDEX (ip) , INDEX iptm (ip,tm) ) ENGINE=MyISAM AUTO_INCREMENT=1
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM vazor_vvisitcounter WHERE tm BETWEEN UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01")) AND UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01") + INTERVAL 1 MONTH)
13 медали ғолибон - динамочиёни наврас

Имрӯз (11.04.с.2016), варзишгарони навраси Шӯрои ҷамъиятии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилиро, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намуди гуштини тарзи юнону румӣ дар Федератсияи Россия иштироки фаъол доштанд, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба ҳузур пазируфт.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов динамочиёни наврасро барои ба даст овардани ҷойҳои намоён ва дар арсаи байналмилалӣ парчамбардори Ватан гардидан, табрику муборакбод гуфт. Мавсуф қайд кард, ки маҳз заҳмату меҳнат, шавқу ҳавас ба варзиш, машқу тамринҳо ва иродаи қавӣ буд, ки имрӯз онҳо чунин қуллаҳои баланди варзиширо фатҳ намуданд.

Аз варзишгарони наврас даъват карда шуд, ки минбаъд низ маҳорати варзишии худро сайқал дода, дар баробари машқу тамрин ба таҳсилу хониш афзалият диҳанд, обрӯи волидайн, мураббиён ва умуман ҷумҳуриро боз ҳам баландтар бардоранд.

Сипас, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба варзишгарони навраси умедбахш аз номи Вазири корҳои дохилӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба онҳо дар ҷодаи варзиш ва таҳсилу хониш муваффақияту комёбиҳои беназир таманно намуд.              

Мавриди қайд аст, ки дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чор мусобиқаи байналмилалии гуштини тарзи юнону румии шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баромад намуда, дар вазнҳои худ ғолибиятро ба даст оварданд.  Дар ин мусобиқаҳо варзишгарони навраси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Прибалтика иштирок доштанд.

Дар мусобиқаҳои шаҳри Москва, аз 5-ум то 7-уми феврали соли ҷорӣ Хайём Назаров дар вазни 58 кило ва Ҳусейн Саидов дар вазни 42 кило ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардиданд.

Санаи 18-20-уми март бошад, Қурбоншоҳ Коналиев дар вазни 32 кило, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 42 кило, Ҳусейн Саидов вазни 46 кило ҷойҳои аввалро соҳиб гардида, Муҳаммад Файзов дар вазни 50 кило ҷойи дуюмро ба даст овард.

Дар мусобиқаҳои шаҳри Санкт-Петербург санаи 25-26-уми март ҳарифони худро мағлуб сохта, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазн 42 кило ҷойи аввал, Шоҳвалии Баҳодур дар вазни 54 кило ҷойи дуввум ва Далер Давлатов ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ҳамчунин дар ин шаҳр, санаи аз 31-уми март то 2-юми апрели соли ҷорӣ Қурбоншоҳ Коналиев дар вазни 35 кило ҷойи якум, Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 46 кило ва Муҳаммад Файзов дар вазни 50 кило ҷойи дуюм, Абдумалик Шоев ҷойи сеюмро гирифтанд.

Ҳамин тариқ, динамочиёни наврас бо иштироки фаъолонаи худ, аз ин мусобиқаҳои байналмилалӣ дар маҷмӯъ бо 13 медал: 7 – тилло, 4 – нуқра ва 2 – биринҷӣ ба Ватан багаштанд.

Бояд қайд намуд, ки дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар Чемпионати ҷумҳуриамон, ки аз 28-уми феврал то 1-уми март дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок намуда, Хайём Назаров дар вазни 59 кило ҷойи аввал, Фирӯз Гурезов дар вазни 98 кило ҷойи дуюм ва Фаридун Иброҳимов дар вазни 80 кило ҷойи сеюмро ишғол намуда буданд.

Чи хеле, ки дар сӯҳбат бо мо сармуррабии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, подполковники милитсия Наврӯз Назаров иброз дошт, дастпарварони онҳо ба варзиши гуштини тарзи юнону румӣ шавқу рағбати зиёд дошта, баҳри такмили маҳорати варзишии худ бо ёрии мураббиёни касбӣ пайваста дар тамринанд.

Варзишгарон дар баробари омӯхтани нозукиҳои гуштин, аз хислатҳои ҷасурӣ, чусту чолокӣ ва иродаи қавӣ бархӯрдоранд, ин аст, ки онҳо ҳамеша мекӯшанд дар мусобиқаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ иштирок намуда, ғолиб оянд.

Х. Солиҳов

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

0000000

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.