Помилка
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=CREATE TABLE IF NOT EXISTS vazor_vvisitcounter(id int(11) unsigned NOT NULL auto_increment, tm int not null, ip BINARY(20) not null, ipraw VARCHAR( 40 ) default NULL , userAgent varchar(1024) default NULL, data longtext, PRIMARY KEY (id), INDEX (tm), INDEX (ip) , INDEX iptm (ip,tm) ) ENGINE=MyISAM AUTO_INCREMENT=1
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM vazor_vvisitcounter WHERE tm BETWEEN UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01")) AND UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01") + INTERVAL 1 MONTH)
Дастовардҳои варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаҳои Наврӯзӣ

Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, ба ин муносибат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла гуштини миллӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар ин мусобиқаҳои варзишӣ варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва алалхусус варзишгарони наврасу ҷавон фаъолона иштирок намуда, соҳиби тӯҳфаҳои ҷашнӣ гардиданд. Маҳорати ин гуштингирони ҷавону умедбахш нишон аз шавқу рағбат доштан ба ин намуди варзиши миллӣ, омодагию тамринҳои пайвастаи онҳо дар ин замина мебошад.

Ҳамин тариқ, дар гӯштини миллии дар ноҳияи Файзобод доир гардида, варзишгари «Динамо» Фирдавс Ҳайбуллоев дар вазни худ ғолиб омада, соҳиби мукофоти пулӣ гардид.

Дар шаҳри Қурғонтеппа барои шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави «Опел-Астра» паҳлавонони номӣ Набимуҳаммад Хоркашов ва Дадахон Қурбоналиев бо ҳам ба рақобат баромада, дар он Набимуҳаммад ғолиб омад ва шоҳҷоизаро ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи гуштини миллӣ, ҳамчунин варзишгарони ҷавону наврас Хуршед ва Ҷаҳонгир Маҷидовҳо, Шариф Назриев, Саидҷамол Саидов, Фирдавс Насимов ба рақибони худ дастболо омада, тӯҳфаҳои мусобиқаи наврӯзиро соҳиб гардиданд.

Дар гуштини миллии «Ҷоми Наврӯз»-и ноҳияи Рӯдакӣ варзишгарони навраси ШҶ «Динамо» Маҷидов Хуршед, Насимов Фирдавс ва  Саидҷамол Саидов дар вазнҳои худ ҳунарнамоии хуб нишон дода, бо тӯҳфаҳои арзишноки мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, Маҷидов Хуршед, Насимов Фирдавс ва Саидҷамол Саидов дар мусобиқаи наврӯзии ноҳияи Ҳисор низ қувваи бозуи худро санҷида, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин мусобиқа Муҳаммад Абдураҳмонов бо варзишгар, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дарёфти шоҳҷоиза гуштин гирифта, натиҷаи рақобати онҳо мусовӣ анҷом ёфт.

Варзишгари дигари «Динамо» Орипов Фирдавс дар ноҳияи Восеъ ҳунарнамоии хуб нишон дода, тӯҳфаҳои қимматноки мусобиқаро соҳиб гашт.

Дар ноҳияи Муъминобод гуштингирон Насимов Фирдавс, Маҷидов Хуршед ва Орипов Фирдавс пас аз ғолибият ба ҳарифони худ соҳиби тӯҳфаҳои арзанда гардиданд. Маҷидов Хуршед ва Орипов Фирдавс барои ба даст овардани шоҳҷоиза ба гуштин баромаданд, вале натиҷаи рақобати онҳо бо мусовӣ анҷом пазируфт.

Дар ноҳияи Рашт барои дарёфти шоҳҷоиза рақобати паҳлавон Муҳаммад Абдураҳмонов бо варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар мусобиқаи дигар бо Набимуҳаммад Хоркашов мусовӣ хотима ёфт. Дар ин мусобиқаи наврӯзӣ, варзишгарони навраси «Динамо» низ иштироки фаъол намуда, бо тӯҳфаҳои арзишнок сазовор шуданд.

Х. Солиҳов 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

0000000

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.