Помилка
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=CREATE TABLE IF NOT EXISTS vazor_vvisitcounter(id int(11) unsigned NOT NULL auto_increment, tm int not null, ip BINARY(20) not null, ipraw VARCHAR( 40 ) default NULL , userAgent varchar(1024) default NULL, data longtext, PRIMARY KEY (id), INDEX (tm), INDEX (ip) , INDEX iptm (ip,tm) ) ENGINE=MyISAM AUTO_INCREMENT=1
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM vazor_vvisitcounter WHERE tm BETWEEN UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01")) AND UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01") + INTERVAL 1 MONTH)
Сафари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

Робитаю ҳамкориҳои беғаразона ва дӯстона дар сатҳи  давлатҳо  на танҳо ба пешрафти муносибатҳои дипломатии ҷонибҳо асос мегузорад, балки барои  рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни давлатҳои  бо ҳам дӯст заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз беҳтарин шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба роҳ мондани муносибатҳои хуби сиёсӣ бо ин кишвар боис ба он гардид, ки дар ҷумҳурии мо як қатор навгониҳои коммуникатсионию технологӣ  ба вуҷуд ояд. Сарони ин ду кишвари бо ҳам дӯст Тоҷикистону Чин тавонистанд бо муколамаи олии сиёсӣ ба робитаи вазорату кумита ва сохторҳои давлатии ду ҷониб роҳ кушоянд.

Метавон аз муносибат, ҳамкорию робитаи босамари Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар гардид.  Тайи чанд соли охир роҳбарияти ин ду вазорати низомӣ тавонистанд, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир; экстремизм, сепаратизм, терроризми байналмилалӣ, пешгирию гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъадор, пешгирии хариду фурӯши одамон  корҳои натиҷабахшро ба анҷом расонанд. Дар доираи ин муносибатҳо аз санаи 25 то 29-уми ноябри соли 2012 гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Ҳамроевич Раҳимов дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати намояндагии Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи роҳҳои мубориза  бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир, яроқ ва одамрабоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҷриба  ва мубодилаи ахбор дар самти  мубориза бо ин зуҳуроти ба ҷаҳони мутамаддин таҳдидкунанда, таклифҳои судманд пешниҳод гардид. Гурӯҳи корӣ-намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми ноябри соли равон аз Маркази идоракунии таъминоти бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Пекин дидан карданд. Мавриди зикр аст, ки Маркази мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, системаи ягонаи назоратӣ тавассути дастгоҳҳои электронӣ роҳандозӣ шудааст, ки ҳолатҳои қоидавайронкунӣ, садамаҳои нақлиётӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва назорат аз болои он тавассути ин марказ амалӣ карда мешавад.

Дар давоми рӯз бо муовини аввали  Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин   Ян Хуаннин гуфтушунид барпо гардид. Сӯҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум вобаста ба ҳамкориҳои оянда ва махсусан баъди тарки қувваҳои СААШ аз Афғонистон, ки метавонад  масъалаи доғи рӯз экстремизм, сепаратизм, терроризми байналхалқӣ, қочоқи маводи нашъаовар, гардиши ғайриқонунии яроқ ва хариду фурӯши  одамонро, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш  овардааст, пуршиддат намояд, доир гардид. Дар алоқамандӣ бо тарзу роҳҳои мубориза ва пешгирии ин гуна хатарҳои ба ҷаҳони муосир таҳдидкунанда, таклифу пешниҳодҳои зерин оид ба муборизаи дастаҷамъона ба он, ба тарафи Ҷумҳурии Мардумии Чин манзур гардид;

- ташкили омӯзиш ва таҷрибаомӯзии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ошкор сохтани ҷиноятҳои иттилоотӣ ва технологияи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва аз худ намудани таҷрибаи муосир;

- ба роҳ мондани механизми мубодилаи афкори ҳуқуқӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, криминогенӣ, маълумот вобаста ба масъалаҳои бехатарӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- гузаронидани тренинг, семинар ва конфронсҳои якҷоя;

- қабули намояндагони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши курсҳои мубориза алайҳи  терроризм;

- мубодилаи ахбор доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, мубодилаи барномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт;

- тайёр намудани санади меъёрӣ оид ба эътироф намудани ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҳар ду кишвар;

- ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва мубодилаи таҷрибаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

 Пас аз анҷоми гуфтушунид Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Цзянчжу ҳайати Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Сӯҳбат  самимона ва дар фазои  дӯстиву  рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар навбати худ  таклифу пешниҳодоти  дар гуфтушунид садодода, аз ҷониби Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Цзянчжу хеле хуб пазируфта шуд.

Инчунин дар рафти сӯҳбат иброз гардид, ки мубориза бар зидди ҳама намуди ҷиноятҳо дастаҷамъона сурат гирифта, тарафҳо омода ҳастанд ба фаъолияти ҳамдигар мусоидат намоянд.

Дар охир Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳумро  байни Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин  оид ба ҳамкории наздисарҳадӣ ба имзо расониданд.

Бо мақсади  ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд роҳбарияти Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин  тасмим гирифт, ки кӯмаки  техникиро дар мисоли  нақлиёти гуногуни хизматӣ аз қабили автомашинаҳо  барои назорати роҳҳо, қисмҳои навбатдорӣ, кашонидани дастгиршудагон, воситаву дастгоҳҳои  гуногуни алоқа ва дигар таҷҳизоти лозимӣ то охири соли равон ва аввали соли 2013 ба Вазорати корҳои дохилӣ равон намояд.

Инчунин, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи таъиноти махсуси милитсияи мусаллаҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан карда, аз рафти фаъолият ва амалиёти кормандони полис ҳангоми дастгир намудани шахсони мусаллаҳ, тарзи истифодаи яроқ, безараргардонии гурӯҳҳои  ҷинояткор ва озод намудани гаравгонҳо шинос гардида, ба маҳорату малакаи ҳампешагони чинии худ баҳои баланд доданд.

Гурӯҳи корӣ 28-уми ноябр дар Департаменти  бехатарии ҷамъиятии ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғур аз намоишгоҳи натиҷаҳои амалиёти кормандони ин ниҳод дар мубориза бо ҷинояткорӣ  дидан намуданд. Дар намоишгоҳ амалиёти кормандони полис ҳангоми дастгир намудани террористон, таркишҳои аз ҷониби ҷинояткорон содир гардида, дар дохили нақлиёт ва биноҳо, пинҳонгоҳ ва машқгоҳҳои террористону экстремистон, натиҷаи амалиёти тахрибкоронаи онҳо нисбати аҳолии осоишта дар ин ноҳия инъикос гардида, роҳҳои мубориза бо он нишон дода шуда буданд. Ташрифи ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Донишкадаи политсияи Синзян низ хеле бомаврид ва судманд буд. Дар донишгоҳи мазкур ҳуҷраҳои ташхиси криминалистӣ, синфхонаҳои ҳуқуқ, толори варзишӣ истироҳатгоҳи шунавандагон  бо навтарин таҷҳизоти техникӣ ва шароити лозимии ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудааст.

 

Қайд кардан зарур  аст, ки сафари кории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Ҳамроевич Раҳимов ба кишвари Чин босамар анҷом ёфт.   Вохӯрии мазкур барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвари ҳамсарҳад хеле муфид арзёбӣ гардид. Чунин ҳамкорӣ ба ҳарду ҷониб имкон медиҳад, ки бо кӯмаку дастгирии ҳамдигар ва муборизаи дастҷамъона хатару таҳдидҳои экстремизму сепаратизм  ва терроризмро дар кишвар рафъ созанд.

 

 Нусратулло Саидов

лейтенанти калони милитсия

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

0000000

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.