Помилка
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=CREATE TABLE IF NOT EXISTS vazor_vvisitcounter(id int(11) unsigned NOT NULL auto_increment, tm int not null, ip BINARY(20) not null, ipraw VARCHAR( 40 ) default NULL , userAgent varchar(1024) default NULL, data longtext, PRIMARY KEY (id), INDEX (tm), INDEX (ip) , INDEX iptm (ip,tm) ) ENGINE=MyISAM AUTO_INCREMENT=1
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM vazor_vvisitcounter WHERE tm BETWEEN UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01")) AND UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01") + INTERVAL 1 MONTH)
Вохӯрии Ҳамоҳангсозони миллӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ

7 сентябри соли 2012 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии аввалини ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳисоботи мушовирони миллии давлатҳои минтақа оид ба пешбурди раванди Эъломияи Алма-ато шунида шуд, инчунин пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани идораи ҷараёни мураккаби муҳоҷирати омехта, ки на танҳо ба минтақа балки ба давлатҳои ҳамсоя таъсиррасон аст, коркард гардиданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Осиёи Марказӣ, инчунин Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Туркия иштирок доштанд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур сардори Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Рамазонов С.К., муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Солиева З.Т. ва сардори шӯъбачаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марупов Артур иштирок доштанд. Аз ҷониби ҳайати тоҷикистонӣ таклифҳо дар бораи механизмҳои мавҷуда ва иқдоми пешқадам оид ба танзими масъалаҳои пешниҳод намудани ҳимоя ва интегратсия, инчунин пешниҳодот дар бораи мукаммалсозии корҳо дар ин самт, пешкаш гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки моҳи марти соли 2011 дар Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати омехта баргузор гардида буд, ки дар ин конференсия Эъломияи Алма-ато қабул карда шуд. Дар Эъломияи мазкур масъалаҳое, ки дар натиҷаи муҳоҷирати танзимнашаванда ба вуҷуд меоянд, дарҷ гардидаанд. Инҳо: мушкилоти таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳадот ва муқовимат бар зидди таҳдиди терроризм, ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз он ҷумла, хариду фурӯши одамон ва ғайриқонунӣ интиқол додан, ҳифзи шахсоне, ки дар ҷойивазкунии омехта ҷалб шудаанд ва расонидани кӯмак ба онҳо мутобиқи меъёрҳо ва принсипҳои байналмилалӣ ва ҷойивазкунии минбаъдаи номунтазамро дар бар мегиранд.

Моҳияти вохӯрии мазкур аз мураккабӣ ва махсусияти раванди муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ иборат буд, ки метавонад ба вазъи ҳамаи минтақа таъсир расонад ва ба дигар давлатҳо аз он ҷумла, ба Иттиҳоди Аврупо паҳн шавад. Дар давоми раванди Эъломияи Алма-ато муколамаи минтақавӣ ва дохилидавлатиро тавре ба роҳ мондан зарур аст, ки ҳар як давлат барои худ роҳи муносиби танзим намудани равандҳои муҳоҷиратиро интихоб намояд ва инчунин нуқтаи назари якхеларо дар ҳалли масъалаҳои мазкур коркард намояд.

Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳо бо назардошти ҷанбаҳои муҳими танзими соҳаи мазкур аз рӯи нақшаи зерин баргузор гардид:

- идораи сарҳадот;

- тақвияти якҷоя кардани гурезаҳо, шахсони бетабаа (бешаҳрвандӣ) ва аққалият дар давлати қабулкунанда;

- тақвияти бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони бармегашта ба давлати асли худ (давлати баромад);

- пешгирӣ намудани хариду фурӯши одамон ва ҳифзи одамоне, ки қурбони хариду фурӯш гаштаанд – аҳамияти хоса хоҳир намудан ба хариду фурӯши кӯдакон;

- рушди имкониятҳои қонунӣ барои муҳоҷират ва коркарди сиёсати муҳоҷирати гендерӣ-эҳсосӣ;

- таҳкими шарикӣ;

- коркарди стратегияи иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ;

- мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар минтақае, ки дар он давлатҳо дар доираи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ оид ба ҳимояи ашхосе, ки ба он эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла гурезагон, шахсони паноҳҷӯянда, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, қурбониёни харидуфӯруши одамон амал мекунанд ва ин ӯҳдадориҳо бояд дар ҳолатҳое амалӣ гарданд, ки давлатҳо бо таҳдидҳои рӯзафзуни паҳн гардидани экстремизми тамоюли гуногун, қочоқ, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ рӯбарӯ меоянд, махсусан муҳим аст. Ҳангоми ҷойивазкунии пуршиддати шумораи зиёди одамон хатари ба ҳудуди мамлакат ворид гардидани ашхоси нохоҳам ба вуҷуд меояд ва дар ин ҳолат қобилияти фарқ намудани чунин ашхос аз шахсоне, ки дар ҳақиқат ба ҳимоя эҳтиёҷ доранд аҳамияти хоса дорад.

Бо мақсади риояи тавозуни манфиатҳои амнияти давлат ва шахсони осебпазире, ки ба ҷараёни ҷойивазкуниҳои транссарҳадӣ ворид мебошанд, зарур аст раванди машваратии минтақавиро инкишоф дода, сохторҳо ва механизмҳои аҳамиятноке, ки барои мустаҳкам намудани низом дар минтақа, инчунин беҳтаргардонии низоми пешниҳоди ҳимоя мусоидат мекунанд, созмон дода шаванд. Мулоқоти ҳамоҳангсозони миллӣ ҳамчун давраи оғози раванди Алма-ато ва омодасозии Конференсияи дуюми вазоратӣ оид ба ҳимояи муҳоҷирон ва муҳоҷирати байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.

Гулова М., майори милитсия

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

0000000

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.