Помилка
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=CREATE TABLE IF NOT EXISTS vazor_vvisitcounter(id int(11) unsigned NOT NULL auto_increment, tm int not null, ip BINARY(20) not null, ipraw VARCHAR( 40 ) default NULL , userAgent varchar(1024) default NULL, data longtext, PRIMARY KEY (id), INDEX (tm), INDEX (ip) , INDEX iptm (ip,tm) ) ENGINE=MyISAM AUTO_INCREMENT=1
  • Table './vkdtj_db/vazor_vvisitcounter' is marked as crashed and should be repaired SQL=SELECT COUNT(*) FROM vazor_vvisitcounter WHERE tm BETWEEN UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01")) AND UNIX_TIMESTAMP(DATE_FORMAT(NOW(), "%Y-%m-01") + INTERVAL 1 MONTH)
10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идораи сарҳад ва бехатарӣ


Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар 10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идораи сарҳад ва бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз 14 то 19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Венаи давлати Австрия шуда гузашт, ба ҳайси Роҳбари гурӯҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст инчунин Сардори Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарипов Г.Ш., муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоҳидов Н., муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматов В.А., муовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-майор Файзуллоев Ш. намояндагӣ карданд.


Дар доираи сафар Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба котиботи Созмони Амнияти Ҳамкориҳои Аврупо ташриф оварда, бо Директори маркази САҲА оид ба пешгирии низоъ ҷаноби Кобератски ва роҳбарияти шӯъбаи стратегии масъалаҳои полис мулоқот намуд. Дар рафти ин вохӯрӣ масъалаҳои амалигардонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба ислоҳоти милитсия, ки моҳи феврали соли 2012 ратификатсия шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мавсуф қайд намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои шӯъбаи стратегии масъалаҳои полисро бобати ташкил намудани омӯзиш ва таълими полисҳои афғон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд дар мубориза бо терроризмро дастгирӣ менамояд.
Дар навбати худ ҷаноби Кобератски бовар кунонид, ки САҲА бо таваҷҷӯҳи хоса дар амаликунонидани ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Ҳамзамон ӯ ҳайати намояндагии Тоҷикистонро даъват намуд, ки дар вақтҳои наздик дар вохўрии навбатии сафирони САҲА дар доираи ислоҳоти милитсия иштирок ва баромад намоянд.
Баъдан ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори 10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва бехатарии сарҳад дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Австрия дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Раёсати СММ оид ба воситаҳои нашъадор ва ҷинояткорӣ ташкил карда шуд, ширкат намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар суханронии худ таъкид намуд, ки мушкилоти масъалаи бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ва ба эътидол овардани вазъият дар сарҳад бевосита аз мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ вобастагии қавӣ дорад.
Ҳамсарҳадӣ бо Афғонистон новобаста аз баъзе муваффақиятҳои дар самти амалиёти антитеррористӣ ба даст омадаи Блоки ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (БҲАШ), ҳанӯз барои кишварҳои Осиёи Миёна муташанниҷ боқӣ монда, ба вазъи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Вобаста ба ин Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов пешниҳод намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқию сиёсӣ ва малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо бо таълим ва омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Бояд қайд намуд, ки баъди аз Афғонистон баровардани қувваҳои БҲАШ таҳдиди хатар ва нооромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ зиёд мегардад. Вобаста ба ин пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе чунин як муассиса ба монанди «Статс колледж» бо мақсади тайёр намудани полисҳои сулҳхоҳ дар Афғонистон барои қадами қатъӣ гузоштан дар омӯзиши бомуваффақияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар таъсис дода шавад.
Аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов боз як қатор таклифҳо пешниҳод гардиданд, аз ҷумла, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мубодилаи фаъоли ахбороти оперативӣ оиди ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки ба қочоқи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводҳои тарканда, воситаҳои нашъадор машғуланд, таъсис дода шуда, вохӯрии доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, ки барои идоракунӣ ва таъмини бехатарӣ дар сарҳад вобаста гардидаанд, ба роҳ монда шавад.
Бо назардошти он, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва қочоқи воситаҳои нашъадор қарор дорад, зарбаи аввалро ба худ қабул намуда, дар миёни хатар қарор мегирад. Аз ин хотир барои таъмини амнияти минтақавӣ ба кӯмаки бевосита ниёз дорад ва зарур шуморида шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳадот ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кӯмак расонида шавад.
Дар рафти сафар Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо Вазири корҳои дохилии Австрия Йоханна Микл-Лейтнер ва муовини Вазири корҳои дохилии Хорватия Эвелин Тонкович вохӯрӣ доир намуда, масъалаҳои ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо роҳбари ҳайати намояндагии ШМА Джеффри Пайят вохӯрда, масъалаи гузаронидани ислоҳоти милитсия ва таълими полисҳои афғонро дар Тоҷикистон муҳокима намуданд. Джеффри Пайят изҳори боварӣ намуд, ки ҳангоми ташрифи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба ШМА ин масъалаҳоро ба миён гузошта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то Департаменти давлатии ШМА барои маблағгузорӣ дар ин самт мусоидат намояд.
Ҳамчунин ҳайати намояндагони Тоҷикистон бо Роҳбари Академияи байналмилалии мубориза бо коррупсия Мартин Кройтнер вохӯрд. Мавсуф иброз дошт, ки Академия бо дастгирии 51 мамлакат ва 2 ташкилоти байналмилалӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон вохӯрӣ бо сафири Ҷопон дар Австрия ва САҲА Тоёхиса Козуки баргузор гардид, ки Сафир аз вазъи ҳамкориҳои сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи минтақавии ҳамоҳангсозии Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба барномаи мусоидати идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки 18 апрели соли 2012 дар бинои Федералии Вазорати корҳои дохилии Австрия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷаласаи мазкур аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Азаматов В. ва муовини аввали Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Файзуллоев Ш.Ҷ. баромад намуданд.
Ҳамин тавр, 10-умин Конференсияи вазирон оид ба масъалаҳои идораи сарҳад ва бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ қадами муваффақ ва амалӣ дар таҳкими имкониятҳо ва муносибатҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ гардид.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

0000000

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.