Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ

Бо ташаббус ва таваҷҷӯҳи хосаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсола ба соҳаи варзиш диққати махсус дода шуда, барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа, садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки имрӯз мавриди истифодаи хурду калон қарор доранд.

Дар 5 соли охир бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат, бо мақсади баланд бардоштани соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ, 621 майдонча, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, дар баробари ин  2700 майдонча, 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Сарвари давлат пайваста дар баромаду суханрониҳои худ аз тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва баланд бурдани ахлоқу маърифати онҳо ёдовар гардида, таъкид менамоянд, ки имрӯз наврасону ҷавононро дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат, дӯст доштани тарзи ҳаёти солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эътимод ба фардои дурахшон бояд тарбия намуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба шумор рафта, ҳамагон ба он назаранд, ки фардо онҳо бо аз худ намудани касбу ҳунар дар рушду инкишофи ватани азизамон, пешрафти илму техника, саноат, кишоварзӣ, фарҳангу маданият ва некӯаҳволии мардум саҳми арзанда гузошта, бо ҳунару истеъдоди худ, дар рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи намоёнро ишғол менамоянд.

Бомаврид медонам, ки суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, дар бораи як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсонҳо гардидани варзиш, ёдовар шавам:

«Имрӯз варзиш ҳамчун як рукни миллӣ ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мо ворид гардида, бешубҳа дар радифи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамон мақоми хоса касб кардааст.»

Варзиш дар баробари таъмини солимии рӯҳию ҷисмонӣ, инчунин пайвандгари дӯстиву рафоқат ва эътимоду боварӣ дар миёни одамон ва қавму миллатҳо ба ҳисоб рафта, ҳар як варзишгар метавонад бо дастовардҳои худ, миллат ва давлати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ  намояд.

Варзишгарон, ки парчамбардони давлату миллат ҳастанд, дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар мавқеи хоса доранд ва бо лаёқату истеъдоди худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Шумо бояд бо дастгирӣ аз сиёсати Президенти кишвар ва иштирок дар чорабиниҳои на танҳо варзишӣ, инчунин муҳими сиёсӣ ҷиҳати дастгирию ғамхорӣ ва ҳадафҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат, ҳамзамон таъмини суботу оромӣ ва рушду шукуфоии мамлакат, саҳмгузор бошед.

Шумо, ки фарзандони баору номус, миллатдӯст ва номбардори давлат ҳастед, дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат, бо тарғиби ғояҳои инсондӯстона, ифтихор аз ватану ватандорӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани обрую нуфузи ҷумҳурӣ, бояд мавқеи назаррас дошта бошед.

Беҳуда намегӯянд, ки варзиш қосиди сулҳу амонӣ ва дӯстӣ аст. Зеро варзиш новобаста аз мазҳабу миллат, дину оин ва забон инсонҳоро ба ҳам муттаҳид сохта, алоқа ва робитаҳои байни давлатҳоро мустаҳкам менамояд.

Дар партави таъкиду пешниҳодҳои Сарвари давлат аз рӯзи 29-уми январ сар карда, нахуст мусобиқаҳои    варзишӣ дар соли 2015, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» оғоз гардида, имрӯзҳо идома дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар миёни ҷамъомадагон низ нафарони зиёде ҳастанд, ки кайҳо устоди варзиш гаштаанду унвони ҷаҳонпаҳлавониро ба даст овардаанд ва дар тарбияи варзишагарон ва ташкилу эҳё намудани гурӯҳҳои варзишии бахшҳои футбол, валейбол, гуштингирӣ, якҳарбаҳои танбатан ва дигар намудҳои варзиш саҳми худро доранд.

Ба хусус барои тайёр намудани варзишгарони дараҷаи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ калон буда, аъзоёни он дар давраи фаъолияти худ чанд маротиба ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат гардидаанд.

Ман бори дигар аз ташрифи шумо ба Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, боварӣ дорам, ҳамкории мову шумо дар пешрафти ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намуда, ҳама якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем, то кишвари азизамон дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. 

Барои таваҷҷӯҳатон ташаккур!




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика