Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

Дар ин лаҳзаҳо, ки бузургии зан-модар моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ қайд намоям. Лаёқату истеъдоди азалии Шумо дар он зоҳир мешавад, ки дар баробари ба дунё овардани тифл ва тарбияи фарзанд, боз ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздатон гузошташуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб хизмати софдилона намуда, дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоред.

  Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад. Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрӯз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

Имрӯз дар ин чорабинии мо занҳои фаъоли кишвар, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, ҳунармандони шинохта, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ, илмӣ - фарҳангӣ, адабӣ-маданӣ ва санъати ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд, иштирок мекунанд. Ман бо камоли эҳтиром барои даъвати моро пазируфтан ва дар ин маҳфили зебо ширкат намудан, ба шумо изҳори миннатдорӣ менамоям.

Бояд қайд намуд, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ, таълимӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат сол аз сол тақвият ёфта, дар ин замина онҳо дар кулли чорабиниву маъракаҳое, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ доир карда мешаванд, фаъолона иштирок менамоянд.

Бо назардошти боло бурдани мавқеи зан, бунёди ҷомеаи солим, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияи фарзандони боақлу соҳибмаърифат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон фармони махсус “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расида, соли 2015 «Соли оила» эълон гардида буд, ки ин иқдом барои пойдории оилаи солим, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми тарафайн заминаи боэътимод гузошт.

Ҳозирини гиромӣ!

Чї тавре гуфтем имрӯзҳо садҳо нафар занони   мақомоти корҳои дохилӣ  дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд. 

Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1600 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 80 - нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд. Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашну маъракаҳо онҳо барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва тӯҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Бо дастгирии Сарвари давлат дар се соли охир 37-нафар занҳо бо манзилии истиқоматӣ, 33-нафар бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 11-нафар бо хобгоҳ таъмин гардиданд.

Дар ин давра беш аз 1100 - нафар занон ба рутбаҳои махсуси навбатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии “Барои хизмати аъло”, “Барои хизмати шоён” қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин зиёда аз 1200 - нафар занон бо мукофоти пулӣ ва 170 – нафар бо туҳфаи арзишнок аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардиданд.Айни замон 21 - нафар занон соҳиби рутбаи баланди “полковники милитсия” буда, ду нафар масъулияти сарварии сохторњои Вазоратро ба зимма доранд.

Боиси қайд аст, ки ду нафар занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президент фаъолият менамоянд. Инчунин ду нафар занон-варзишгарони Вазорати корҳои дохилӣ, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин Мавзуна Чориева ва чемпиони ҷаҳон оид ба карате Розибекова Сарвиноз на танҳо шарафи як мақомот, инчунин шарафу ифтихори ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳон ҳимоя менамоянд, ки боиси ифтихори ҳамагон мебошад.

Бонувон ва меҳмонони азиз!

Бори дигар, бо камоли эҳтирому самимияти беандоза аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва шахсан аз номи худам бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо, аҳли оила ва наздиконатон саломативу сарбаландӣ, умри дарози пурбаракат, рӯзгори хушу хонаи обод ва дар  хизмати пуршарафатон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ба диққататон ташаккур!


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика