Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Alamshoo

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо - генерал-лейтенанти милитсия. 17-уми ноябри соли 1970 таваллуд шудааст. Маълумот - олии ҳуқуқӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993.
То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ: соли 2012 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2 ва соли 2015 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз 18 сентябри соли 2018 то 11 майи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Айни замон дар мансаби муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда истодааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика