Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Рамазонзода Суҳроб Кароматулло - генерал-майори милитсия, таваллудаш 1-уми апрели соли 1979, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳайати роҳбарикунанда ба итмом расондааст. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 20 октябри соли 2002.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст:
Муфаттиш - криминалисти шӯъбаи назорати методии Раёсати тафтишотии ВКД, муфаттиши Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии ВКД, сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. Сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рамазонзода Суҳроб Кароматулло аз моҳи июли соли 2016 ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматномаҳо, аз он ҷумла, бо медалҳои «Барои хизматҳои шоён» дараҷаҳои I, II, III, «Милитсияи Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон» ва нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло» мукофотонида шудааст.

Ҳамчунин барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Рамазонзода Суҳроб Кароматулло аъзои ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика