Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

nuriddinСардори Раёсат: Пирумшозода Нуриддин Давлат - полковники милитсия, санаи таваллуд 7-уми ноябри соли 1963, миллаташ тоҷик. Маълумот: миёнаи ҳуқуқӣ, соли 1986 Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶШС ва олии ҳуқуқӣ, соли 1997 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз моҳи апрели соли 1982 то моҳи майи соли 1984 хизмат намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1-уми октябри соли 1984.
Мавсуф фаъолияти худро аз муфаттиши ШВКД дар шаҳри Островский Федератсияи Россия оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи назоратӣ-методии Шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муовини сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи тафтишотии ҷиноятҳои марбут ба кофтукови ҷиноии Шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Шуъбаи тафишотии РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори Шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Сугд, сардори ШВКД дар ноҳияи М.А.Ҳамадонӣ, муовини сардори Котиботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба реҷаи котибот фаъолият намудааст.
Пирумшозода Нуриддин Давлат санаи 24-уми январии соли 2020 ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа менамояд.
Мавсуф барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ мукофотонида шудааст. Аз он ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти №868 аз 30-юми августи соли 2002 бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика