Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

SaynaqshРаҳмонзода Саиднахш Ҳаким - полковники милитсия, 5 январи соли 1962 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз 28 августи соли 1997. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла:

Аз 1997 то 2001 сармуҳандиси КВТС РТМТ ва Н ВКД ҶТ;
Аз 2001 то 2008 сардори шуъбаи сохтмони асосии ВКД ҶТ;
Аз 2008 то 2020 сардори Раёсати сохтмони асосии ВКД ҶТ.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳмонзода С.Ҳ., бо мукофотҳои давлатӣ ва медалу нишонҳои сарисинагии зерин сарфароз гардидааст:
- бо ордени «Спитамен»;
- Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи I;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи II;
- бо медали «Хизмати шоён» дараҷаи III;
- бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД»;
- бо медали ВКД ҶТ «Садоқат ВКД».

Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким санаи 15 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика