Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Mashrapzoda4Сардори Раёсат: Машрабзода Ҷамшед Хол - генерал-майори милитсия, 22 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 2000-ум Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ», соли 2004 Академияи андози Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2008 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 октябри соли 2002. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Нозир оиди кор бо ноболиғони ШКҶ РВКД ш.Душанбе, ваколатдори оперативии шӯъбачаи ШКҶ РВКД ш.Душанбе, муовини сардори ШКҶ ШВКД ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, сардори шӯъбаи ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии минтақавии БММ «Интерпол»-и ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД, сардори шӯъбаи ВКД, муовини сардори Раёсати ВКД, муовини сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Машрабзода Ҷамшед Хол санаи 30 октябри соли 2019 ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо мукофоти давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика