Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Shoruh2Сардори Раёсат: Саидзода Шоҳрух - подполковники милитсия, таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ. Айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 2012.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.

Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика