Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамидзода Бароталӣ Партов - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Barotali4Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 16 ноябри 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали «Ҷасорат». Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шӯъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шӯъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталёни алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрастии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РКД дар ш.Душанбе, сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр.
Ҳамидзода Бароталӣ Партов санаи 10 сентябри соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика