Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдорӣ аз хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия

Ба Вазири корҳои дохилии       

Ҷумҳурии Тоҷикистон                

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.                           

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро, 

Миннатдории худро ҳамчун як шаҳрванд ва сокини ҷумҳурӣ ба Шумо ва дар симои Шумо ба кулли кормандони милитсия расонида, ҳамзамон ба муносибати Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи шумоёнро табрику муборакбод менамоям.

Ростӣ, ба тинҷиву амонӣ, сулҳу субот дар ҷумҳурӣ нигариста, пеши назар меояд, ки он бо чи мушкилиҳо ба даст омадааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар амнияти шаҳрвандон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорон ва таҳкими оромӣ дар кишвар кормандони милитсия бо заҳматҳои шабонарӯзии худ саҳмгузоранд.

Дар замони мо, ки ба сулҳу субот бо мушкилиҳо расидаем ва ҳоло ҳам ҳастанд афроде, ки ба қадри ин тинҷиву оромӣ намерасанд. Онҳо бо меҳнати ҳалол нею, бо роҳи ҷинояткорона мехоҳанд аз ҳисоби мардум зиндагӣ кунанд, зиндагии осоиштаи халқро халалдор созанд. Бинобар ин, дар кори мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бурбориҳо хоҳонам. Бигузор ҳамеша дар кишвари азизамон сулҳ пойдор бошад! 

Бо эҳтиром, 

Шаҳрванд Мирзоев Раҳимҷон,

директори ҶДММ «Роҳи Абрешим»,

сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев

 

 

 


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика