Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Магомет Мирзоев корманди ВКД буд

Магомет Мирзоев (Муҳаммад Ҳоваҷӣ) соли 1910 дар хутори Алхазуровои ноҳияи Урун-Мартан таваллуд шудааст, милаташ чечен. Мактаби миёнаро хатм намуда, ба Донишкадаи педагогӣ дохил шуд ва 3-сол таҳсил кард. Соли 1931 ба Омӯзишгоҳи кавалерии шаҳри Новочеркасск фиристода шуд. Соли 1940 мактаби дусолаи ҳайти миёнаи роҳбарикунандаи Комиссариати халқии корҳои дохилиро хатм карда, барои кор ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ӯ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омада, то оғози ҷанг дар Ленинобод ба сифати нозири бозрасии идораи оташнишонии шаҳрӣ фаъолият мекунад.

Моҳи сентябри соли 1941 ӯро ба сафҳои Артиши Шӯравӣ даъват намуданд ва ӯ ба қисми саворае, ки он рӯзҳо дар Тоҷикистон таъсис дода мешуд, шомил гардид. Фаъолияти ҷангии худро аз ҷангҳои назди Сталинград оғоз намуда, ҳангоми фатҳи Днепр корнамоӣ нишон дод.

29-уми сентябри соли 1943 Магомет дар яке аз қайиқҳои аввалин ба соҳили рости дарё гузашта, бо пулемёт мавқеи ба даст овардаро нигоҳ медошт. Маҳз бо ҷасорати худ ӯ убури бомуваффақияти дарёро аз ҷониби воҳидҳои боқимондаи полк таъмин намуд.

Дар набардҳо баҳри мустаҳкам намудани мавқеи ба даст овардашуда, Магомет Мирзоев захми ҳалокатовар бардошт. Барои ҷасорат ва мардонагӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 15-уми январи соли 1944, пас аз марг ба Магомет Мирзоев унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Рухшона Боева, Шаҳодат Мавлянова, СХДО ВКД ҶТ.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика