Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миннатдории роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон         

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро,

11-12 сентябри соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки бинобар баргузории ҳамоиши сатҳи олии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар сарзамини тоҷикон шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор гирифта буд, бо шукӯҳу шаҳомати хоса барпо гардид.

Дар раванди омодагӣ ба таъмини сатҳи олии тадорукотӣ-ташрифотии ин чорабинии муҳими сиёсии байналмилалӣ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои фозилонаи роҳбари давлат Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ ва иртиботи пайваста бо Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Бо мақсади инъикоси сатҳи баланди омодагӣ, меҳмоннавозии асил, муносибати нек бо ҳайатҳо ва таъмини тартиботу ҳаракати бенуқсони онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд, ки дар ин амр саҳми намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ хеле арзишманд буд.

Дар ин робита, бо камоли хушнудӣ сипосу қадрдонии худро аз Шумо ва ҳамаи кормандони пурмаҳорату соҳибтаҷрибаи сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар баргузории бомуваффақи ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе  саҳми шоиста гузоштед, самимона иброз менамоем.

Хидмат дар роҳи пешрафту шукуфоии Ватан комёбиест, ки мебояд ҳамвора дар истимрори он ҳиммат гумошт ва самараи мубораки саъйю талошҳои пайвастаи Шумо, муҳтарам ҷаноби Вазир ва чунин кормандони содиқу соҳибмаҳорат боиси тақвияти эътибору манзалати кишвармон дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин рафид заҳматҳои шабонарӯзӣ ва саҳми бузурги тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар ҷодаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаракат дар роҳ шоистаи таҳсин ва қадрдонӣ ҳисобида, ҳоҳишмандам, сипоси самимии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷиро ба кормандони соҳибтаҷрибаву пурмаҳорати мақомоти корҳои дохилӣ расонед.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда, ба Шумо ва кормандонатон саломатию беҳрӯзӣ ва дар кори посдошт аз ормонҳои муқаддаси миллӣ баҳри рифоҳу шукуфоии Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии сарвари фарзонаи давлатмон комёбиҳои рӯзафзунро орзумандам.           

Бо камоли эҳтиром,                                  

Вазир                                                                                                                                                     С. Аслов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика