Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ

543

Бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими робитаҳои дӯстию рафоқат миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» шурӯъ аз 25 октябри соли 2019 дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди футболи хурд миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2019», таҳти шиори «Милитсия-ҳомии ҷомеа!» оғоз ёфта, он идома дорад.
Мусобиқа дар ду синну сол, байни ҷавонон ва байни кормандони собиқадори аз 40-сола боло сурат гирифта истодааст.
Дар бозиҳои байни ҷавонон 34 даста дар 6 гурӯҳ бо ҳам рақобат дошта, аз ҳар гурӯҳ 2-дастагӣ ба даври навбатӣ роҳ ёфта, 4 дастаи беҳтарин аз миёни онҳо дар даври нимниҳоӣ барои ғолибият мубориза хоҳанд бурд.
Бозиҳои байни собиқадорон бошад, аз 8 даста иборат буда, онҳо дар як гурӯҳ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Ин бозиҳо ба таври даврӣ гузаронида шуда, ғолиб аз рӯи холҳои бадастовардашуда муайян карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки қуръапартоии миёни дастаҳои иштирокчӣ дар толори Маҷмааи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе, рӯзи 24-уми октябр доир гардида буд, ки дар он намояндагони тамоми дастаҳои фаъолона иштирок дошта, ҷадвали бозиҳоро муайян намуда буданд.

544545

Айни замон, бозиҳо хеле тезу тунд ва ҳамзамон шавқовар гузашта истода, толори нишаст пур аз мухлисону тамошобинон мебошад.
Аз натиҷаи бозиҳои футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2019 иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х.Солиҳов




Рӯйдодҳо

  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 24-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.05.2020 09:12
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 29-уми майи соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.05.2020 09:10
  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика