Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муваффақияти навбатии гӯштингирони наврас дар мусобиқаҳо

540

Рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2019, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои ш. Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии ММВЗО (Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпӣ) №6-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007 баргузор гардид, ки дар он 10 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар ин мусобиқа гӯштингирони навраси аъзои ШҶ “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуда, ба чунин натиҷаҳои варзишӣ:
- дар вазни 41 кило Фаррухи Хуршед ва дар вазни 57 кило Фирдавс Шермамадов ҷойҳои I–ум;
- дар вазни 18 кило Абдулазиз Шокиров ҷойи II-юм;
- дар вазнҳои 18 кило Назарзода Идрис ва Назарзода Яҳё, дар вазни 20 кило Абубакр Нуруллоев ва дар вазни 44 кило Дилшод Холзода ҷойхои III-юм ноил гардиданд.
Ба ин монанд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасони солҳои таваллуди 2006-2008, ки рӯзҳои 22-23 ноябри соли равон дар шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон доир гардид, динамочиён Асадуллои Муҳиддин дар вазни 55 кило ҷойи I-ум, Лоиқи Шералӣ дар вазни 34 кило мақоми II-юм, Абубакр Худоиев дар вазни 30 кило ва Хурсанд Табаралиев дар вазни 34 кило ҷойҳои III-юмро ишғол намуданд.

541542

Медалу ифтихорномаҳои бадастовардаи ин наврасон фахри устодону мураббиён ва волидайни онҳо, инчунин пешрафти дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика