Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ширкати фаъолонаи динамочиёни наврас дар мусобиқаи гӯштин

509

Дар мусобиқаи Муассисаи давлатии ММВЗО (Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпӣ) №6-и шаҳри Душанбе оид ба гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007, ки рӯзҳои 5-6-уми ноябри соли 2019 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои пойтахт баргузор гардид, дастаи гӯштингирони навраси “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, шаш мақоми ғолибиятро ба даст оварданд.
Мусобиқаи мазкур ба таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 10 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо теъдоди беш аз 110 нафар варзишгар ширкат доштанд.
Аз миёни гӯштингирони навраси дастаи «Динамо», ки таҳти дастпарварии мураббии ботаҷрибаи соҳавӣ Наврӯз Назарзода машқу тамрин менамоянд, ҷойҳои аввалро Фаррухи Хуршед дар вазни 41 кило, Фирдавс Шермамадов дар вазни 57 кило, Низом Назарзода дар вазни 62 кило, як ҷойи дуюмро Дилшод Холзода дар вазни 41 кило ва ду ҷойи сеюмро Иброҳим Расулов дар вазни 20 кило ва Хуршед Холзода дар вазни 23 кило ишғол намуданд.

510511

Ғолибони мусобиқа бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Таҷлили бо тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар РВКД Суғд

    Субҳи рӯзи 22 феврал ба муносибати 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои ....

    22.02.2020 11:44
  • Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъол

    Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ....

    22.02.2020 11:24
  • Дуздии лавозимоти рӯзгор аз дохили гармхона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи ....

    22.02.2020 11:20
  • Ошкор шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи ....

    22.02.2020 11:19
  • Садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ»

    Рӯзи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    22.02.2020 11:16
  • Вохӯрӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

    Рӯзи 21-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи муассисаи давлатии таълимии ....

    21.02.2020 15:56
  • Саҳмгузории кормандони ғайриштатӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ

    Ҳамкорӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия боиси пешрафти кори мақомоти корҳои ....

    21.02.2020 15:51
  • Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

    Санаи 20-уми феврали соли 2020, тахминан соатҳои 01:20-дақиқа, шахси номаълум ....

    21.02.2020 09:30
  • Бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 70-солаи сокини ....

    21.02.2020 09:27
  • Шароит фароҳам овардан барои муносибатҳои маҳрамона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 20 ....

    21.02.2020 09:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика