Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми сеюми варзишгари ВКД Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ

488

Дар XVII мусобиқаи байналмилалӣ оид ба маҷмӯи муҳорибаҳои якҳарба байни кормандони сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона (СААД) барои дарёфти Ҷоми СААД, ки аз ҷониби ташкилоти мазкур рӯзҳои 8-11-уми октябри соли 2019 дар деҳаи Ястребкии ноҳияи Одинсовои вилояти Москваи Федератсияи Россия доир гардид, ваколатдори оперативии Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия, устоди варзиш, Ҷабборов Акбар Тағоймуродович иштироки фаъолона намуда, дар вазни 65 кило сазовори ҷойи сеюм гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 120 варзишгари дастаҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Федератсияи Россия, инчунин Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ветнам ширкат доштанд.
Аз натиҷаи ҳисоби Байналмилалӣ ҷойи I-умро дастаи мунтахаби Федератсияи Россия, ҷойи II-юмро дастаи Ҷумҳурии Беларус ва мақоми III-юмро Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика