Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

446

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Субҳи рӯзи 4-уми сентябр бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат мусобиқаи варзишии «Дав» миёни мардон дар масофаи 5,5 километр доир гашт. Ҳарчанд зимни машғулиятҳои варзишӣ ин намуди варзиш ҳафтае як маротиба доир шуда, кормандон меъёри тайёрии ҷисмонӣ супоранд ҳам, аз ҷиҳате ки дави имрӯза мусобиқа буд, бояд беҳтаринҳо муайян мешуданд.
Садои ҳуштаки довар ба рафти муобиқа оғоз бахшид. Ҷараёни дав аз ҷониби кормандони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайти шахсии Раёсат ва масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд назорат ва бо гузаштани зиёда аз 18 дақиқа ғолибони се зинаи ифтихорӣ муайян шуданд.
Ҳамин тавр дар муҳлати 18 дақиқаю 10 сония сержанти калони милитсия Ҳусейнов Раҳматҷон Равшанович нозир оид ба реҷаи қабулгоҳ - таҳвилгоҳ барои ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, дар муҳлати 18 дақиқаю 45 сония капитани милитсия Ёров Ҳобил Азизқулович эксперт-криминалисти ШТК ва дар муҳлати 20 дақиқаю 02 сония сержанти милитсия Ҳомидов Дилшод Ғуфронович милитсионер-навбатдори қабулгоҳ - таҳвилгоҳ барои ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон масофаи 5,5 километрро тай намуда, ба марра расиданд.

447448

Ғолибони мусобиқа дар рафти чорабинии тантанавии идона ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Раёсат ҷашн гирифта мешавад аз тарафи роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Акбар Шарифӣ, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика