Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаи кушоди гӯштини юнону румӣ байни наврасон

372

Рӯзҳои 27-28-уми августи соли 2019 аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Муассисаи давлатии «ММВЗО №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе дар толори Маҷмааи варзиши ШҶ «Динамо» бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа аз намуди гӯштини юнону румӣ миёни наврасони солҳои таваллуди 2005-2008 доир гардид, ки дар он беш аз 70 варзишгари наврас иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ намояндагони 5 даста аз мактабҳои варзишии самти гӯштини шаҳри Душанбе: «Динамо», «Пайванд», «Валӣ», «Политехникум» ва «Мактаби гӯштини №6» дар 13 дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқаро доварони пуртаҷриба гузаронида, ба ҳунарнамоии варзишгарон аъзои ҳакамон тибқи қоидаҳои байналмилалии ин намуди варзиш баҳогузорӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин як мусобиқаи ҷолиб омода намудани варзишгарони наврас ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дарёфти чеҳраҳои нав миёни варзишгарони лаёқатманд, ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстию рафиқӣ байни наврасон мебошад.
Варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки фаъолонаи худ, дар умум, соҳиби 5 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 10 ҷойи сеюм гардиданд.

373374375376

Дар охир, ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои омоданамудаи ташкилкунандагони чорабинӣ супорида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Хуҷанд: Чорабинии мақсаднок дар Донишгоҳ

    Дар чорабинии мақсадноке, ки рӯзи 20-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии ....

    20.02.2020 15:55
  • Баистифодадиҳии бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар шаҳри Панҷакент

    Бо мақсади хубу босифат анҷом додани хизматрасониҳо дар самти дастрасии ....

    20.02.2020 15:51
  • Ғоратгарӣ тавассути селофани полиэтиленӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 62-солаи сокини ....

    20.02.2020 10:19
  • Бо корд захмӣ намудани марди 30-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи ....

    20.02.2020 10:15
  • Дуздии маҳсулоти хӯрокворӣ аз мағоза

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи ....

    20.02.2020 10:11
  • Ошкор шудани силсилақалобиҳои алоқаманд бо харидуфӯруши воситаҳои нақлиёт

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    20.02.2020 10:09
  • Робита ва ҳамкории кормандони милитсия бо ҷавонону донишҷӯён

    Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ баҳри ....

    19.02.2020 11:19
  • Машқи оташнишонӣ дар анбори нафт

    Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба таъмини вазъи бехатарӣ ....

    19.02.2020 11:10
  • Мусобиқаи вазнбардорӣ дар байни оташнишонон

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми ....

    19.02.2020 11:05
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 21-солаи сокини ....

    19.02.2020 11:00
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика