Бо мақсади рушди варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, такмили омодагии ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва инкишофи варзиши намуди гӯштини Дзю-до бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 августи соли 2019 аз ҷониби ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷмааи варзишии он мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини «Дзю-до» байни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҳти шиори «Варзиш – солимии ҷомеа!» доир карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 20 даста бо теъдоди наздики 70 нафар гӯштингир дар 6 категорияи вазн қувваозмоӣ намуданд. Сабқати гӯштингирон хеле ҷолибу диданӣ гузашта, миёни варзишгарони ҷавон, ҳамчунин варзишгарони номдор ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаю чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат доштанд. Барои ҳаводории гӯштингирон ҳаводорону тамошобинони зиёде ҷамъ омада буданд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқа муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, аз иқдом ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар самти рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа ёдовар шуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 66 кг гӯштингири номвар Акмалиддин Каримов аз дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ (РҚД) мақоми аввал, Алиҷон Раҷабов намояндаи ШВКД дар ш.Роғун ҷойи дуввум в аду зинаи сеюмро Саъди Неъмонов аз Воҳиди махсус ва Фирӯз Мирзомадов аз ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ишғол намуданд.
Дар вазни 73 кило намояндагони дигари Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Сӯҳроб Бозоров ҷойи якум, Баҳридин Хуҷаназаров зинаи дуюм ва ду ҷойи сеюмро Субҳон Субҳаков аз дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ (СРИҶҶ), ки бо Вазорати корҳои дохилӣ дар самти варзиш ҳамкорӣ доранд ва Ворисшо Қаноатов аз ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ соҳиб гардиданд.
Мақоми аввалро дар вазни 81 кило Муҳаммад Мирзоев аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ба даст оварда, Сулаймон Сулаймонов – корманди Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсус (СҲВТМ) зинаи дуюм, Садриддин Ғанизода намояндаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Часур Гавҳаров варзишгари дигари СҲВТМ зинаҳои сеюмро соҳиб гардиданд.
Корманди СРИҶҶ Сайҷамол Алимардонов дар вазни 90 кило мақоми аввалро сазовор гардида, ҳамчунин дар ин вазн корманди РҚД Ҷамшед Қурбонов зинаи дуюм, Хайриддин Ғафурзода аз дастаи РВКД дар ш.Душанбе ва Наврӯз Ғафуров корманди дигари СРИҶҶ зинаҳои сеюмро аз худ намуданд.
Дар вазни 100кг намояндаи дастаи СРИҶҶ Ғайратшо Зикруллоев ҷойи аввалро ба даст оварда, Убайдулло Аҳмадзода аз РВКД дар вилояти Хатлон зинаи дуюм, Исматулло Зайдуллоев аз РҚД ва Орзу Эмомов аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни беш аз 100 кг бошад, Шоҳрух Амирхонов аз дастаи РҚД мақоми аввал, Алидод Раупов намояндаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» зинаи дуюм ва ду ҷойи сеюмро Файзалӣ Ганҷалзода корманди дигари Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва Далер Мирзозода аз дастаи СҲВТМ соҳиб гаштанд.
Дар охир, натиҷаи ғолибияти варзишгарони дастаҳо муайян карда шуда, дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ соҳиби Ҷоми мақоми аввал, дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷойи дуюм ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза» зинаи сеюмро сазовор гардиданд.
Ғолибони даставии мусобиқа бо Ҷом ва диплом, варзишгарони ғолиб бошанд, бо медал, ифтихорномаҳои дараҷаи дахлдор ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки гӯштини намуди «Дзю-до» бо тарзу усули ба худ хос дар тамоми дунё хеле машҳур буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун чемпионату мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ доир мегарданд. Дар ин мусобиқаҳо иштироки варзишгарони тоҷик низ солҳои охир хеле фаъол гардида, аллакай миёни онҳо чандин ғолибону ҷоизадорон ба майдон омада, обрӯю нуфӯзи Ватани хешро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия
Мусобиқаи гӯштини «Дзю-до» байни варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Рӯзи 15-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии ....
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>