Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳорати баланди гуштингирони навраси “Динамо” дар мусобиқаи шаҳрӣ

328

Дастаи гуштингирони навраси “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба гуштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2004-2008, ки дар Муассисаи давлатии ММВЗО (Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпӣ) №6 миёни наврасон рӯзҳои 3-4-уми августи соли ҷорӣ доир гардид, иштирок намуда, чандин мақомҳои ғолибиятро ба даст оварданд.
Омодагии ҷисмонӣ, машқу тамринҳои пайваста ва маҳорату малакаи андӯхтаи ин варзишгарони наврас ба онҳо имкон дод, ки миёни ҳамсолони худ дастболо гардида, мақомҳои ифтихориро ишғол намоянд. Дар умум, 13 нафар варзишгари динамочӣ зинаҳои ғолибиятро, аз ҷумла 5 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюмро дар вазнҳои худ ба даст оварда, соҳиби медалу Ифтихорномаҳо гардиданд.

329

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи зикргардида бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” доир карда шуда, 7 даста бо теъдоди беш аз 100 нафар варзишгари наврасу кӯдакони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика