Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали тиллои варзишгари Динамо дар Чемпионати Осиё

318Аз 1-ум то 5-уми июли соли 2019 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон - шаҳри Нурсултон Чемпионати Осиё идома дошт, ки рӯзи 4-уми июл, дар мусобиқаи оид ба гўштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2002-2004 варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирўз Мирзораҷабов, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вазни 55 кило ширкат варзида, сазовори медали тилло гардид. 

Фирӯз Мирзораҷабов дар даври ниҳоӣ варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Аброр Отабоевро бо бартарияти холҳо мағлуб сохт. Ҷойҳои сеюми сабқат дар ин вазнро, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон Ерасил Кенганов ва Ҳиндустон Правин Пандуранг Патил ба даст оварданд.
Ҳамчунин, дар ин мусобиқа динамочии навраси дигар Суҳроб Ҳалимов дар вазни 44 кило мақоми панҷумро соҳиб гардид.
Бояд қайд намуд, ки варзишгарони зикргардида, таҳти дастпарварии мураббиёни варзидаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Наврӯз Назарзода ва Субҳон Абдукаримов машқу тамрин менамоянд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика