Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиён - ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

127Рӯзҳои 21-22-юми июни соли ҷорӣ, бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни ҷавонони солҳои таваллудашони 2000-2001 мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини дзюдо доир гардид.

Дар он, дар баробари дигар варзишгарон, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ҳайати 8 нафар иштирок намуда, аз онҳо 4 нафар динамочӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Аз ҷумла, бародарон Назриевҳо Шарифҷон, дар вазни 100 кило ва Давлатҷон, дар вазни беш аз 100 кило мақоми аввали мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Инчунин, дар вазни 66 кило Шодмон Ризоев мақоми аввал ва Фирӯз Фаттоев дар вазни 55 кило ҷойи дуюми мусобиқаро сазовор шуданд.
Дар охир ғолибон бо Ифтихорномаву медал қадрдонӣ гардонида шуданд.
Н. МИРЗО


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика