Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ғолибони марҳилаи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот дар ВКД

251

Рӯзи 12.06.2019 сол, дар толори Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ аз намуди «шоҳмот» миёни кормандони воҳидҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар ин мусобиқаи варзишии зеҳнӣ 20 даста бо теъдоди беш аз 130 нафар варзишгар, дар се синну сол, аз ҷумла байни наврасони то 14-сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолон аз 30-сола боло (мардон ва занон) иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Носиров, намояндагони дигар раёсату идораҳои дахлдор роҷеъ ба мусобиқаи «шоҳмот» барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

252253

Қайд гардид, ки чунин мусобиқаи «шоҳмот» бо ҷалби доираи васеи варзишгарону ҳавасмандон бори нахуст аст, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мегузарад ва чор марҳиларо дар бар мегирад. Даври якум бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, даври навбатӣ ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даври ниҳоӣ бо иштироки ғолибони тамоми марҳилаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ҷоизаҳо дар ҳар се синну сол ғолибони мусобиқаро дар алоҳидагӣ интизоранд. Маблағи умумии ҷоизаи «Ҷоми Пешвои миллат» 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойҳои якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, пас аз рақобатҳои дуру дароз, ки рафти онро доварони шинохтаи ҷумҳурӣ назорат мекарданд, ғолибони мусобиқа муайян шуданд.
Дар байни наврасон ҷойҳои якуму дуюму сеюмро варзишгарони аъзои дастаи «Динамо» Ҷалолиддини Илҳомӣ, Фирӯз Шаропов ва Садриддини Хисрав ишғол намуданд, Дар ин синну сол миёни духтарчаҳо Сабрина Абророва - аъзои дигар дастаи «Динамо» бо соҳиб гардидани зинаи аввал ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Дар сабқати миёни ҷавонон Манучеҳр Собиров аз дастаи Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД мақоми аввал, Рамазон Шарифзода аз дастаи Академияи ВКД ҷойи дуввум ва Фаридуни Ҷамшед аз Муассисаи нақлиётии ВКД ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд. Миёни ҷавондухтарону бонувони ин синну сол Ширин Ризозода намояндаи Академияи ВКД зинаи якум, Фирӯза Одинаева аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дуюм ва Қурбонбибӣ Чароғабдолова аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар байни варзишгарони калонсолон ғолибиятро Саъдулло Холмадзода корманди Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо ҷойи аввал, Худойназар Асоев аз Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҷойи дуюм ва Илҳом Ғанизода намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт мақоми сеюми мусобиқаро аз худ намуданд. Дар байни бонувони ин синну сол бошад, Адолат Бухоризода корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ҷойи аввал ва Кибриё Рауфзода аз Академияи ВКД мақоми дуюмро ишғол намуданд.
Ин мусобиқа ҳайати мунтахаби дастаи Вазорати корҳои дохилиро барои иштирок дар марҳилаҳои навбатии мусобиқаи зикгардида муайян намуд, ки ҳар як синну сол ва марду зан як нафарӣ, яъне шаш нафар ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфтанд. Боварӣ аст, онҳо дар даврҳои минбаъда низ дастболо шуда, сазовори ҷоизаҳои асосӣ мегарданд.

254255256

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи имрӯза хусусияти оммавиро касб намуда, дар баробари такмили маҳорату малакаи варзишӣ, ҳамчунин ҳадафи таҳкимбахшандаи дӯстию рафоқат, бародарию якдилӣ ва Ватандӯстию эҳтиром ба арзишҳои миллиро нишон дода тавонист.
Бозии шоҳмот таърихи хеле куҳан дошта, пайдоиши онро кишвари Ҳиндустон медонанд. Пас аз паҳн гаштани он дар қаламрави давлатҳои қадими форсу тоҷик он боз ҳам рушду нумӯъ карда, на танҳо дар сатҳи дарбор, балки миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубият пайдо мекунад. Оиди шоҳмот дар асарҳои олимону мутафакирони ниёгони мо бисёр қайд гардида, мавқеи хосаро дорад. Бозии шоҳмот дар ҳақиқат нозукиҳои зиёде дошта, аз варзишгар ақлу заковат ва ҳушёриву зиракиро талаб мекунад. Ҳар як бозӣ метавонад равиши наверо гирад ва ё як қадами саривақтӣ дар он ҳалкунанда бошад. Маҳз ин хосиятҳои шоҳмотбозӣ аст, ки дар даврони Истиқлолияти ҷумҳурӣ он ба марҳилаи нави рушд гузашта, дар баробари дигар намудҳои варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, шароитҳои машғул гардидан ба шоҳмот беҳтару хубтар гардида, ояндаи дурахшонро касб менамояд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ вазифаи мост!

    Новобаста аз он ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар ....

    17.01.2020 09:44
  • Тақаллубкорӣ бо баҳонаи тиҷорат

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини ҷамоати ....

    17.01.2020 08:53
  • Дуздии чорво аз чарогоҳ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    16.01.2020 09:17
  • Пахши пиёдагард дар ноҳияи Дӯстӣ

    Рӯзи 15-уми январи соли 2020, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2020 09:16
  • Санҷиши мақсаднок дар марказҳои бозии компютерӣ

    Бо мақасади пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, машғул гардидан ба амалҳои ношоиста ....

    15.01.2020 14:17
  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи ....

    15.01.2020 10:57
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2020 10:56
  • Ошкор шудани дуздии 9 сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи ....

    15.01.2020 10:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • Эълон оид ба баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ

    Рӯзи 31-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии рӯзи қабули ....

    24.09.2019 14:19
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    28.08.2019 15:04
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика