Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Семинар-машварат бо иштироки варзишгарони наврасу ҷавон

218

219Рӯзи 21-уми майи соли 2019 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки теъдоди зиёди варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» ва наврасону ҷавонони шаҳри Ду-шанбе семинар-машварат дар мавзӯи «Терроризму экстре-мизмро маҳкум менамоем!» доир гардид.
Дар кори семинар-машварати мазкур масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Дафтари барномаҳои Соз-мони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва гурӯҳи фаъоли «Авангард» роҷеъ ба мавзӯи рӯзнома ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти варзишӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ба тамоми варзишгарону мураббиён, наврасону ҷавонони ҳавасманди варзиш, барои ширкати фаъолонаа-шон дар семинар-машварат изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин, Аслиддин Шоҳиён зимни суханронии хеш оиди чи тавр ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ ноил гардидан, рафтори намунавии варзишгар, ҳурмату эҳтироми калон-солон, риояи тозагию техникаи бехатарӣ, сайқал додани хислатҳои матиниродагию тобоварӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ғолиб омадан ва ҳисси ватандӯстию ғурури миллӣ доштан ибрози андешаронӣ намуд.
Дар кори семинар-машварат намояндаи Дафтари барно-маҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Алимов баромад намуда, зикр кард, ки САҲА форум барои муколамаи сиёсӣ дар доираи васеи масоили амниятӣ ва платформа барои амали муштарак баҳри беҳбуд бахшидани ҳаёти шахсон ва ҷомеаҳо мебошад. Ташкилот бехатарии амниятӣ, иқтисодӣ, муҳити зист ва ҷанбаҳои равиши ҳамгироиро истифода ме-барад. Қайд гардид, ки пешгирии радикализм миёни ҷаво-нон бояд аз синну соли мактабӣ, вақте ки хурдсолон бо ҳисси муҳаббат ба Ватан тарбия меёбанд, оғоз ёбад. Боварӣ аст, насли наврас баҳри ояндаи дурахшони хеш, бо роҳи илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар, ҳимоятгарони халқу Ватан ва сулҳу оромӣ будан, кӯшиш хоҳанд намуд.
220Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дотсенти ка-федраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники ми-литсия Вафо Шарифзода дар мавзӯи «Экстремизм (ифрот-гароӣ) ва хатари он дар ҷомеаи муосир» баромад намуд.
Мавсуф ба варзишгарони наврасу ҷавон мафҳумҳои экс-тремизму терроризм, хатарҳои он ба башарият, номгӯи ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъбудаи хусусияти террористию экстремистидошта, инчунин оиди сабабу омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии баъзе аз ҷавонони гумроҳ ба сафи ташкилотҳои терро-ристию экстремистӣ мухтасар маълумот дод.
Қайд шуд, ки мақсади асосии терроризму экстремизм пеш аз ҳама халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, пайдо наму-дани ҳиссиёти тарсу ваҳм ва ноумедӣ дар одамон, тавассути ба таҳлука овардани аҳолӣ фишор овардан ба давлату ки-шварҳо мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳҳои даъват, мағзшӯӣ, боваркунонӣ, зархаридӣ ва дигар усулҳо, тавассути шабакаҳои интернет, радиову телефон, сӯҳбатҳои инфи-родию дигар васила ақидаҳои худро тарғибу ташвиқ наму-да, бо мақсади роҳандозии ғаразҳои нопоки худ ба тамоми амалҳои зишт, аз қабли қатлу куштори одамони бегуноҳ, ноором сохтани минтақаҳо, ҷабру зӯроварӣ нисбати аҳолии осоишта ва ғайра даст мезананд.
Мутаасифона, солҳои охир, баъзе ҷавонони ноогоҳи Тоҷикистон низ ба сафи чунин гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, ҳаёти худ ва наздикони худро ба хатар андохтанд, бе-хабар аз он, ки қувваю нерӯ ва ҳаёти онҳо кайҳо хариду фурӯш шуда, онҳо ҳамчун лӯхтак истифода мешаванд. Баъди огоҳӣ пайдо намудан аз асли кор пушаймон меша-ванд, вале аксар вақт дер мешавад, ки пушаймонӣ дигар суд надорад.
Дар мавзӯи рӯзномаи семинар, ҳамчунин роҳбари гурӯҳи ҷавонони фаъоли «Авангард» Фирӯз Қодиров суханронӣ намуда, бо овардани мисолу далелҳо аз авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҳамсолони худ, аз варзишгарону ҳавасмандони варзиш даъват ба амал овард, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро тақвият бахшида, баҳри пешгирӣ ва муқобилият ба чунин зуҳуроти номатлуб, ба мисли терроризму экстремизм муттаҳид бошанд, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои миллии худро воло гузошта, ба қадри сулҳу суботи кишвар, пешрафту ободонии он бирасанд.

221222

Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ пол-ковники милитсия Абдуқодир Мирзозода дар идомаи кори семинар-машварат доир ба пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни наврасону ҷавонон, чорабиниҳои профилактикии дар ин самт роҳандозинамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қайд карда гузашт.
Вобаста ба қоидаҳои одобу рафтори варзишгар ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш ва тар-бияи ҷисмонӣ корманди ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Сарахон Эмомов ба-ромад намуда, ба самъи варзишгарон мазмуну муҳтаво ва талаботи баъзе аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти варзишию омодагии ҷисмониро расонид. Номбурда зикр намуд, ки варзишгари асил дар ҳама ҳолат бояд пурсабру батоқат буда, одобу этикаи варзишӣ ва тартиботи ҷориро риоя намояд, масъулиятшинос бошад, ба таъсири ҳар гуна иғвою дасиса наафтад. Барои фатҳи қуллаҳои баланди варзишӣ ва парчамбардони кишвари хеш гаштан аз ҳар варзишгар ҷаҳду талоши зиёд, азму иродаи қавӣ ва истодагарӣ лозим аст.
Дар фарҷоми семинар-машварат байни баромадкунанда-гону иштирокчиён сӯҳбати самимона сурат гирифта, вар-зишгарони наврасу ҷавон ба саволҳои додаи худ посухи мушаххас гирифтанд.

223

Ҳамчунин ба тамоми иштирокчиёни наврасу ҷавон, аз ҷумла ба ғолиби ҷойи аввали мусобиқаи байналмилалии ба наздикӣ дар Ҷумҳурии Беларус баргузоргардида – аъзои ШҶ «Динамо» Муҳиддин Асадуллоев аз ҷониби Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ва-зорати корҳои дохилӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    03.08.2020 10:53
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ ва ....

    Рӯзи 1-уми августи соли 2020, тахминан соати 08:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    03.08.2020 10:51
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Зафаробод бо ариза марди 49-солаи сокини ....

    01.08.2020 10:36
  • Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва илмӣ дар шаҳри Кӯлоб

    Ҳафтаи сипаригардида бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ....

    30.07.2020 10:08
  • Боздошти ҷавони 24-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.07.2020 09:36
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    30.07.2020 09:35
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент

    Рӯзи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.07.2020 09:32
  • Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ бо истифода аз маводи мадҳушкунанда

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    29.07.2020 11:03
  • Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захмӣ намудани ноболиғи 17-сола

    Санаи 28-уми июли соли 2020, тахминан соати 11:20-дақиқа, ноболиғи 15-солаи ....

    29.07.2020 11:00
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    29.07.2020 10:58
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun2

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика