Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни корманд-занон

25

Дар арафаи таҷлили иди «Рӯзи Модар» дар Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯи миз дар байни корманд-занони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир карда шуд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» хеле ҷолибу хотирмон баргузор гашт, корманд-занони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. Варзишгарон дар ду гурӯҳи синну сол, то 35-сола ва аз 35-сола боло бо ҳам рақобат намуда, дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи худ дар ин риштаи варзиш беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Ҳамин тариқ, баъди баҳогузории ҳакамон, дар гурӯҳи синну соли ҷавонони то 35-сола мақоми аввалро Мавҷуда Хисравзода – корманд-зани Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, ҷойи дуюмро Бибиҳамро Уроқова намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷойи сеюмро Ирода Назарова аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ишғол намуданд.

26

Дар гурӯҳи корманд-занони аз 35-сола боло корманди Раёсати таҳқиқ Зебо Исматшозода ҳарифони худро мағлуб сохта, дилпурона ҷойи якумро ба даст овард. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро бошад, Заррина Маҳмадназарова корманди Шуъбаи ахбори оперативӣ-иттилоотӣ ва Фирӯза Убайдуллозода намояндаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мутаносибан соҳиб гаштанд.
Аз натиҷаи мақомҳои бештари ғолибият ва иштироки фаъоли варзишгарон дастаҳои ғолиб низ муайян гардиданд. Ҷойи якумро Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ҷойи дуюмро Раёсати таҳқиқ ва ҷойи сеюмро Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ишғол намуданд.
Ба дастаҳои ғолиб Ҷому диплом ва варзишгарони пешсафи мусобиқа медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотӣ тақдим карда шуданд.

27

Тӯҳфаҳоро ба ғолибон дар маросими тантанавӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён супорида, ҳамзамон корманд-занони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занону модарони азизи кишварро бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва иди «Рӯзи модар» табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборию комёбӣ, солимӣ, хонаободию бахту саодат таманно намуд.
Қайд гардид, ки ҳадафи чунин мусобиқаҳои варзишӣ пеш аз ҳама бо роҳи тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа таҳкими дӯстию рафоқат ва муттаҳидию якдилии шаҳрвандон мебошад.
Хисрав Солиҳов, подполковники хизмати дохилӣ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика