Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самбочиёни ВКД ғолиби мусобиқа гардиданд

Дар доираи баргузории мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз намуди футболи хурд, гӯштини самбо, шиноварӣ, шашкаю шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-5-уми феврал дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД мусобиқаи кушод оид ба гӯштини самбо, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 18 даста бо шумули 135 варзишгар аз рӯйи вазнҳои гуногун бо ҳам сабқат намуданд.

Дар навбати аввал аз рӯйи вазни 52 кг ҷойи аввал насиби Одинабойи Ҳукумалӣ аз дастаи Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН), ҷойи дуюм ба намояндаи дастаи Хатлон Сорбони Илҳом муносиб дониста шуд.
Дар вазни 57 кг бошад, ҷойи аввал ба Ҷомии Ҳасан аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зинаи баъдӣ ба Сафарбеки Ҳукумалӣ аз дастаи АНМН муносиб дониста шуда, ду ҷойи сеюм ба Фирдавс Мавлавиев, аз дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ (РҚД) ва Фаррух Раҳимзода аз дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО) лоиқ дониста шуд.
Аз рӯйи вазни 62 кг бошад, ҷойи якум ба Акмалиддин Каримов аз РҚД, ҷойи дуюм ба Шоимард Абдулназаров аз дастаи “Динамо” ва зинаҳои баъдӣ ба Сомон Идиев аз дастаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фирдавс Раҳматулоев, аз дастаи СХДО насиб гардид.
Дар вазни 68 кг ҷойи аввал ба Умед Муҳидинов аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷойи дуюм ба Муҳаммад Гуреззода аз дастаи СХДО ва ҷойҳои сеюм ба Парвиз Додов, намояндаи дастаи шаҳри Душанбе ва Муҳаммадисо Раҷабов аз РҚД лоиқ дониста шуд.
Дар вазни 74 кг ҷойи аввал ба Саидшо Раҳматуллоев, ҷойи дуюм ба Муҳаммад Мирзоев, ҳарду аз дастаи РҚД ва занаҳои баъдиро Алӣ Боқиев аз дастаи СХДО ва Муҳаммад Қурбонов аз дастаи РҚД соҳиб гардиданд.
Дар вазни 82 кг ҷойи аввалро Ҷамшед Қурбонов, ҷойи дуюмро Бахтиёри Шамс, ҳарду аз дастаи РҚД ва ҷойҳои сеюмро Рустам Хоҷаев аз дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Далер Бурчинов, намояндаи дастаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба даст оварданд.
Аз рӯйи вазни 90 кг бошад, ҷойи аввал ба Зафар Олимшоев аз дастаи Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҷойи дуюм ба Саидмуъмин Алиев, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муносиб дониста шуда, ду зинаи сеюмро Фирдавс Резвонзода аз ҳамин даста ва Саҳобиддин Ризоев аз дастаи РҚД соҳиб шуданд.
Дар вазни 100 кг ҷойи аввал ба Довуд Файзуллозода, ҷойи дуюм ба Худобахш Расулов, ҳарду аз дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷойҳои сеюм ба Нусратуллои Рамз аз дастаи РҚД ва Исфандиёри Хайридин аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе насиб гардид.
Дар вазни ниҳоӣ, яъне ҷамъи 100 кг ҷойи аввал ба Шоҳрух Амирхонов аз дастаи РҚД ва ҷойи дуюм ба Алидод Раупов аз дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва ду зинаи охирро ба Зиёвиддин Тоирзода аз дастаи РҚД ва Сарфароз Сарфарозов аз тими Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба даст оварданд.
Миёни дастаҳо ҷойи аввал ба дастаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷойи дуюм ба дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш муносиб дониста шуда, ҷойи сеюмро дастаи Агентии назорати маводи нашъаовар ба даст оварданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика