Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони гуштини миллӣ муайян гардиданд

Рӯзи 10-уми сентябри соли 2017 бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкиистон дар варзишгоҳи Марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гуштини миллӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа гуштингирону паҳлавонон аз тамоми манотиқи кишвар дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, саъю талош намуданд, ки ҷойҳои намоёнро соҳиб гарданд.

Намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳо дохилӣ низ дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуривӣ ширкат варзида, бо малакаю маҳорати баланди варзишӣ ба гирифтани ҷойҳои ғолибият мушарраф шуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни аз 80 килограмм боло Саидов Сайҷалол бар ҳарифони худ дастболо гардида соҳиби ҷойи аввал, Насимов Фирдавс соҳиби ҷойи дуюм ва Сафаров Одил ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Дар вазни 80 килограмм бошад, ҷойи 2-юм насиби Муродов Акмал гардид.

Ғолибони гуштини миллӣ бо маблағҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои қимматбаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика