Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баргузории мусобиқаи футболи хурд дар ноҳияи Б.Ғафуров

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе, силсилачорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишии мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардиданд.

Дар ин радиф, рӯзҳои 23-юм ва 24-уми августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд миёни ҷавонону наврасон мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди футболи хурд бо иштироки 8 дастаи футболбозон аз ҷамоатҳои деҳот ва шаҳраки ноҳия доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои Ҳайдар Усмонов, Хистеварз, ШВКД-и н.Бобоҷон Ғафуров, Зарзамин, Овчиқалъача, Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1, ҷамоати Унҷӣ ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам рақобат намуда барои ноил гардидан ба ҷойҳои намоён аз худ маҳорати баланди футболбозӣ нишон доданд.
Дастаҳои Ҳайдар Усмонов, Хистеварз, Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 ва ҷамоати Унҷӣ ба рақибони худ дастболо гардида ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
Дар даври ниҳоӣ бошад дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 бо дастаи Ҳайдар Усмонов барои ҷойи якум ва дастаи Хистеварз бо дастаи ҷамоати Унҷӣ барои ба даст овардани ҷойи сеюм бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар рафти мусобиқаи мазкур футболбозони дастаи Ҳайдар Усмонов аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода ба ҳарифи худ дастболо ва ҷойи аввалро сазовор гардид. Сазовори ҷойи дуюм дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1 дониста шуда, ҷойи сеюм бошад ба дастаи ҷамоати Унҷӣ насиб гардид.
Таҳти садо додани Суруди Миллӣ маросими тақдими ҷоизасупорӣ ба дастаҳои ғолиби мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ бо иштироки муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мастура Комилӣ, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода, варзишгарони ҷавону навраси дастаҳо ва доираи васеи ҳаводорони футбол баргузор гардид.
Муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мастура Комилӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда қайд кард, ки ташаббуси пешанамудаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ ва саҳмгузорӣ менамоем. Итминони комил дорем дар оянда баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои қудратии кишвар, баҳри қавӣ гардонидани дӯстии иштирокдорон, варзишгарон, мубодилаи пешрафту муваффақияти варзишӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани тарзи ҳаёти солим дар партави соли ҷашнӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Мавсуф инчунин оид ба тақвият бахшидани соҳаи варзиш, пешгирии ҳама гуна қонуншиканиву зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонону наврасон ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин бахшида ба «Соли ҷавонон» ва арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуда зикр кард, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон варзиш яке аз ҷузъҳои таркибӣ ва пураҳамияти дӯстиву рафоқат, зебоии ҷисм ва солимии ҷомеа маҳсуб ёфта, робитаҳоро боз ҳам мустаҳакам менамояд. Бо дарназардошти ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» бо дастур ва супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мувофиқа бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардиданд.
Доир гардидани чунин мусобиқаҳои варзишӣ аз таваҷҷӯҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар ба рушди варзиш дар мамлакат сарчашма мегирад.
Мавсуф зимни суханронӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Суғд иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ, таҳти шиори «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ»-ро ба «Соли ҷавонон» табрик кард.

Сипас муовини раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин ва муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибони мусобиқаи «Футболи хурд» миёни ҷавонону наврасон Ҷом, медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раҷаббек Илёсов, Душанбе-Суғд-Душанбе. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    06.12.2021 14:12
  • Ошкор гаридани якчанд ҳолати дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    06.12.2021 14:10
  • Куштори зани 22-сола аз ҷониби шавҳар

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи ....

    06.12.2021 14:10
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

    Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ....

    06.12.2021 14:09
  • Бар ҷавонмардони ин кишвар, шараф!

    Бар ҷавонмардони ин кишвар, шараф! Ҷонфидоёнанду номовар, шараф! Даст рӯи қалбҳо истодаанд, ....

    06.12.2021 11:38
  • Ҳалокати хурдсол дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

    3-юми декабри соли 2021, тахминан соати 17:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    04.12.2021 09:47
  • Кушода шудани ҷинояти дуздии чорво

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ....

    04.12.2021 09:41
  • Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ бо истифода аз табар

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи ....

    04.12.2021 09:39
  • Беҳтаринҳо дар касби оташнишонӣ муайан карда шуданд

    Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    03.12.2021 15:41
  • Чорабинӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ

    Тибқи дастури роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шуъбаи БДА ....

    03.12.2021 14:54
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Э ъ л о н!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....

    24.09.2021 17:41
  • Эълон!

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....

    11.09.2021 14:48
  • Таваҷҷӯҳ!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    01.09.2021 11:14
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    qonun011

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика