Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ашт: «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ»

Тавре қаблан иттило дода будем, силсилачорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе (САҲА) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома ёфта истодааст.
Имрӯз (23.08.с.2017) дар доираи ин чорабиниҳо дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Мирдодо Зариф Мирмуҳаммадиён, сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд майори милитсия Азимов Меҳваршо, сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон, муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ва доираи васеи ҷавонону наврасон, бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Мирдодо Зариф оғоз намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои баргузории чунин силсилачорабиниҳои варзишӣ дар «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Ҷавонон ва варзиш-зидди нашъамандӣ», ки дар равнақу ривоҷ ёфтани соҳаи варзиш такони ҷиддӣ мебахшад, арзи сипос намуд.

Мавсуф зикр кард, ки мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ миёни наврасону ҷавонон оид ба футболи хурд, волейбол, тениси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони вилоят баён доштанд, бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш дар байни наврасону ҷавонон, хотирмон, гузаронидани мусобиқаҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, устувор намудани дӯстию рафоқат ва бурдани тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардидааст.
Қайд намудан бо маврид аст, ки имрӯз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ду мактаби варзишӣ, 44 нафар мураббӣ баҳри фаро гирифтани 1095 нафар ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш фаъолият мебаранд. Ҳамзамон дар миқёси ноҳия 109 майдонча ва 5 толорҳои варзишӣ ҷиҳати солимгардонии ҷомеа фаъолият менамоянд.
Мавсуф дар идомаи вохӯрӣ иброз дошт, ки нашъамандӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, рушду нумӯи варзиш миёни ҷавонону наврасон яке аз василаҳои муҳими пешгирии ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд майори милитсия Азимов Меҳваршо зимни баромади худ, қайд намуданд, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста миёни ҷузъу томҳои ВКД, сохторҳои қудратӣ, корхонаву идораҳои кишвар чунин чорабиниҳои варзишӣ баргузор мегардад, ки дар пешравии ин соҳа саҳми арзанда доранд.
Сипас корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД капитани милитсия Сафаров Манучеҳр ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод назди ҳозирин бо маърузаҳои таҳлиливу омӯзишии худ оид ба роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баромад намуданд.
Пас аз баргузории вохӯрӣ, дар толори варзишии варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи даставӣ аз намуди волейбол бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини баргузории мусобиқаҳои мазкур ва зиёда аз 500 нафар мухлисони волейболу ҳаводорони варзиш оғоз гардид.

Дар мусобиқа шаш дастаи ҷавонону наврасон: Ошобо №1 ва Ошобо №2, Мактаби варзишӣ, Саро, Ҷавонон ва дастаи Бободархон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия иштирок ва барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам рақобат намуданд. Чорабинии варзишӣ ба таври даврӣ баргузор гардида, варзишгарони дастаҳо бо нишон додани маҳорати варзишии худ мухлисонро ба ваҷд меоварданд.
Мусобиқа дар даҳ давр доир гардида, дар даври ниҳоӣ дастаҳои Ошобо №1 ва Ошобо №2 барои ҷойи аввал қувваозмоӣ намуданд, ки дар ниҳоят дастаи Ошобо №2 бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюмро дастаи Ошобо №1 ва ҷойи сеюмро бошад дастаи Ҷавонон соҳиб шуданд.
Қайд намудан бо маврид аст, ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, дар баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ саҳмгузор мебошад.
Дар фарҷоми баргузории мусобиқаи даставии намуди волейбол муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин суханронӣ намуда зикр кард, ки варзиш ин соҳаест, ки шахсро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад, соҳаест, ки шахс давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, аз ин хотир бо дилу нияти пок ба варзиш шуғл варзед ва парчамбардори Ватани азизамон гардед.
Масъулини ин чорабинии варзишӣ аз номи Вазорати корҳои дохилӣ ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дошта, аз рафти он иловатан маълумот хоҳем дод.
Раҷҷабек Илёсов, Душанбе-Суғд. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошт гардидани ҷавони 20-сола бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    31.07.2021 10:01
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ....

    31.07.2021 10:00
  • Рух додани ду садамаи нақлийтии марговар

    Рӯзи 30-юми июли соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    31.07.2021 09:55
  • Тақвият бахшидани фаъолияти хизматии ХД "Муҳофиза"-и ВКД дар вилояти Суғд

    Санаи 29-уми июл ҷаласаи хизматии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ....

    30.07.2021 16:02
  • Маҷлиси тантанавӣ дар СХДО ВКД

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    30.07.2021 15:31
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

    Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 57-солаи сокини ....

    30.07.2021 11:17
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    30.07.2021 11:15
  • Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ....

    29.07.2021 11:30
  • Боздошт гардидани марди 35-сола бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ....

    Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ....

    29.07.2021 11:28
  • Ба ҳалокат расидани ду пиёдагарди хурдсол зери чархи автомашинаҳои “Опел-Астра” ....

    Рӯзи 20-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи ....

    29.07.2021 11:27
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи ....

    12.06.2021 09:21
  • Эълон!

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    08.06.2021 17:18
  • Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ!!!

    Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси ....

    07.05.2021 11:37
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика