Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолиби Фестивали бозиҳои варзишӣ дар шаҳри Уляновск

Аз 11 то 17-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Россия нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир гардид.
Дар он варзишгарони 11 давлатҳои узви ИДМ иштирок намуда, тайи 7 рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Миёни ширкаткунандагони Фестивали бозиҳои варзишӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мунаваров Мубориз муаррифӣ намуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷараёни мусобиқа аз намуди гуштини «Самбо» корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мунаваров Мубориз дар рақобат бо ҳарифони худ дар вазни 74 килограмм дастболо гардида, сазовори ҷои ҷойи аввал гардид.

Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, тамоми тадбирҳоро баҳри он меандешад, ки варзишгарон ва аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Ватани азизи хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика