Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат – муаррифгари миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ

701

Дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми декабри соли 2015 саҳифаи тозае боз шуд. Дар ин рӯз аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тасвиб расид. 

Пеш аз он ки ба тадқиқи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳуқуқ ва робитаҳои байналмилалӣ бипардозем, бояд тазаккур дод, ки таҳаввулоти ҳуқуқии анҷомдодаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар бисёр асарҳои илмӣ арзёбӣ шуда ва арзёбӣ мешавад Шаҳомати ӯ дар ин аст, ки дар шароити бесарусомонӣ, беҳуқуқӣ ва бенизомӣ пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд намуда, садои қонунро баланд бардошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард. Аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат ӯ гуфта буд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».
Эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фароҳам овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат қувваю заковати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дод. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти қомилҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бипайваст, дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ва ҷараёни муносибатҳои байналмилалӣ ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ фаъолона ширкат намуд. Ин ҳама дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таври зайл баён ёфтааст: «ташаббусҳо ва талошҳои саривақтии Пешвои миллат барои ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ; барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд; аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ; мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо ИДМ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон; дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Чин, Афғонистон, Эрон, ИМА ва давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико; ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ»
Табиист, ки ҳар кишваре барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқие дорад, ки ҳам манфиатҳои миллиро дар тамоми арсаҳо ҳимоят кунанд ва ҳам бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат дошта бошанд. Яке аз самтҳои фаъолияти Пешвои миллат – ин ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқи робитаҳои дипломатӣ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон, ҳамоҳанг сохтану омезиш додани онҳо ба манфиатҳои умумибашарӣ мебошад.
Аз рӯзҳои аввал то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ (ҶТ ба он 6 майи с.1996 ҳамроҳ гардид), Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ (ҶТ ба он 6 майи с.1996 ҳамроҳ гардид), Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ (ҶТ ба он 6 майи с.1996 ҳамроҳ гардид), «Қонуни ҶТ дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (11 декабри с.1999, № 908), «Қонуни ҶТ дар бораи хизмати дипломатӣ» (31декабри с.2014, № 1173), «Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с. 1995, № 165), «Низомнома дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с.1995, № 165), «Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли с. 1998, № 275), «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи с.2015,№332) ва ғ.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳия ва қабули Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихобшуда ниҳоят бузург аст. Расмияти ҳуқуқӣ пайдо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзиши олӣ эътироф шудани онҳо дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти тавозуну таносуби дурусти ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, бешубҳа, саҳми Пешвои миллатро дар таҳияи ин санади сиёсию ҳуқуқӣ нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 сиёсати хирадмандонаи «дарҳои боз»-ро эълон намуда, дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони беруна ҷаҳише ба миён овард. Ӯ ин сиёсатро чунин маънидод намуд: «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон робитаи дӯстиро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад». Дар партави ҳамин сиёсат аст, ки равобити судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои мухталифи Шарқу Ғарб вусъати беназир касб карда, нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва фазилати сиёсатмадориву давлатдории Пешвои миллати мо дар ҷаҳони муосир мавриди истиқболи гарм қарор гирифтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 128 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 150 давлат истиқлолияти мамлакати моро эътироф кардааст. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, пеш аз ҳама, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҷонибдорӣ кард. ҶТ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мисли «Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба рафъи табъизи нажодӣ» (с.1966), «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (с.1966), «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (с.1966), «Муоҳида оид ба рафъи ҳамагуна табъиз нисбати занон» (с.1979), «Муоҳидаи зидди шиканҷа» (с.1984), «Муоҳида оид ба ҳуқуқи кӯдак» (с.1989), «Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои тамоми коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо» (с.1990) ҳамроҳ шуд ва ё онҳоро ба тасвиб расонд. То имрӯз ҶТ бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1200 санадҳои дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегирад.
Яке аз хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат – ин истиқрори сулҳ дар мамлакати ҷангзада буд. Ӯ бо мухолифин музокирот намуда, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузошт ва ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият мебошад, ки ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа барқарор карда шуд. Ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ яке аз пуразиштарин саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик буда, дар радиф бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.
Натиҷаи гуфтушуниди тӯлонӣ, ки қариб 40 моҳ давом кард, 40 ҳуҷҷати ҳуқуқии барои миллат зарурро ба миён овард ва билохира, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Ӯ ба тамоми ҷаҳон исбот кард, ки душвортарин масъалаҳоро метавон ба таври мусолиматомез ҳал намуд. Ҳалли сулҳҷӯёнаи масъалаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аҳамияти на танҳо маҳалливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ низ дорад. Ба омӯзиши ин санади миллӣ кишварҳои дигар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ба қавли собиқ Муншии умумии СММ Кофи Аннан тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли башар намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби СММ ҳамчун таҷрибаи нодир пазироӣ шуд. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муддати кӯтоҳ қатъ шуда, чонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстӣ дода, фаъолияти солими дастгоҳи давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон карда бошанд. Сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беҳтарини ба ифоқа овардани тарафҳои ба ҳам зид, таҳкими фарҳанги сулҳи башарӣ, муоширати байналмилалӣ ва ҳалли мухолифатҳои дохилидавлатӣ солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард. Бо изҳори қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки ин таҷриба ба он кишварҳои ҷангзадаю ноороми ҷаҳони имрӯз метавонад ҳамчун намунаи ба сари хони оштӣ расидан хидмат кунад. Ин таҷриба аллакай мавриди тадқиқу омӯзиши ҷаҳониён, мавриди истифода дар нуқтаҳову минтақаҳои ноороми ҷаҳон қарор гирифтааст.
Ҳодисаҳое, ки имрӯз дар баъзе давлатҳои ҷаҳон ба вуқӯъ омаданд, нишон медиҳанд, ки истиқлолияту якпорчагии давлат на фақат аз сиёсати дохилӣ, балки аз сиёсати беруна хеле вобаста мебошад. Вазъи дар як қатор давлатҳои соҳибихтиёр бавуҷудомада (Афғонистон, Ироқ, Сурия) шаҳодат медиҳад, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ ва мазҳабӣ душманон ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро нобуд карда, ба мероси фарҳангии онҳо зарари ҷиддӣ расонида истодаанд. Барои мисол, намояндагони ба ном «Давлати исломӣ» меъёрҳои оддитарини ахлоқиро ваҳшиёна хароб карда, ганҷинаи ҷаҳонии донишу маърифатро халалдор месозанд ва оммаи васеи мардумро аз арзишҳои фарҳангиашон маҳрум мекунанд. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Муоҳидаи Гаага дар бораи ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ дар замони ҷанг (1954) ҳамроҳ шуда, ин гуна ваҳшигариро қатъиян маҳкум мекунад.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони 28 соли истиқлолият, ки дар назди таърих муддати кӯтоҳе мебошад, таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ заминаи густурдаи ҳуқуқию шартномавӣ ва робитаҳои давлатиро ба миён оварад. Дар ин амр нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар дар сатҳи ҷаҳонӣ, анҷом додани тадбирҳои муассири устувор намудани заминаи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, таъмини волоияти қонун ва риояи бечунучарои уҳдадориҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, дар густариши минбаъдаи фарҳанги сулҳ, вусъат додани механизмҳои назоратии умумибашарӣ аз болои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле бузург аст. Ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ӯ шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус ва босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ дорои унсурҳои ибратомӯз мебошад.

Абдуназаров А.Ҳ., омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика