Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати хориҷии минтақавии Пешвои миллат

1247

Дар шароити муосир барои расидан ба ҳадафҳои татбиқи сиёсати хориҷии дурусту мутавозин ва муайян намудани афзалиятҳои он бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеӣ зарур мебошад. Бо назардошти ташаккули раванди ҷаҳонишавӣ, хатари зуҳуроти номатлуб ва боло рафтани аҳамияти минтақаҳои алоҳида додани афзалият ба самти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ – дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз заруратҳои аслии ҳифзи амнияти минтақавӣ ва таъмини манфиатҳои миллии кишварҳои минтақа ба шумор меравад.

Ба ин хотир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи аввалини хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро изҳор намуд, ки дар он асли «мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон» нақши муҳим дошт. Яъне додани авлавияти минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ яке аз заруратҳое буд, ки бо таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон дар замони Шӯравӣ, махсусияти ҷуғрофии минтақа, гузаштаи умумии таърихии халқҳои маскуни Осиёи Марказӣ ва фарҳанги хоссаи мардумони он вобастагӣ дошта, аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Пешвои миллат расман изҳор гардид.
Ин пухтакорӣ сабаби мустаҳкам гаштани ҳамкории минтақавӣ, ҷалби кишварҳо ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ширкати онҳо дар рафти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун сарҳади ҷанубии минтақа ва кафолати онҳо аз иҷрои нуқтаҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гардид. Чунин ҳолат аз ҳамбастагии минтақавӣ, таърихӣ ва манфиатҳои мутақобилаи онҳо бо Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар оғози асри XXI дар шароити тағйирёбии бунёдии низоми муносибатҳои байналмилалӣ – 24 сентябри соли 2002 аввалин санади муҳимми муайянкунандаи сиёсати хориҷии кишвар – Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он мақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд буда, зарурати рушди ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо онҳо дар боби алоҳида (боби дуюм) таъкид мегардид.
Дар оғози даҳсолаи дуюми асри навин ҳаводиси нави муносибатҳои байналмилалӣ, ба хусус «Баҳори араб», буҳрони Ироқ ва Сурия, зуҳури ДИИШ ва масъалаи Украина воқеиятҳои наверо барои ҷаҳониён возеҳ намуданд, ки бо зуҳури хатарҳои нав ва шиддат гирифтани хатарҳои маъмулӣ алоқаманд буданд. Хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ҳамқадам бо раванди ҷаҳонишавӣ буда, инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо усулҳои нав ва муассир зарур мебошанд.
Таҳлили равандҳои муосири байналмилалӣ аллакай на танҳо муносибати геополитикӣ, балки геоиқтисодиро тақозо менамояд. Имрӯз кишварҳои миллиро мебояд дар қиёс бо замони пешин ҳар чи бештар равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро ба инобат гиранд.
Бо назардошти воқеиятҳои муосир зарурати қабули чораҳои махсус, асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ваҳдати талоши кишварҳои минтақа возеҳ мегардад. Тоҷикистон низ бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои муосир ва муайян намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ чораҳои муайянеро меандешид. Дар ин самт яке аз асноди муҳим Консепсияи сиёсати хориҷӣ мебошад.
Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад. Дар низоми равобити байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамҷавор мақоми авло доранд. Тоҷикистон ҷонибдори густариши минбаъдаи таҷрибаи мусбӣ, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҷанбаи муҳим дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ қатъияти Сарвари давлат дар масъалаи рушду таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Тавре маълум ин кишвар аз солҳои аввали истиқлолият то оғози ҳазораи нав ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт. Зиёда аз он 16 июни соли 2000 байни ҷонибҳо Аҳдномаи абадии дӯстӣ ба имзо расид, ки то ҳол дар сиёсати хориҷии мо назир надорад.
Вале аз соли 2000-ум инҷониб муносибати ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар коста гардида, миёни кишварҳо режими раводид ҷорӣ гардид. Гардиши мол то ба дараҷае поён рафт, ки он соли 2015 ба 9 млн. доллари амрикоӣ расид. Дар баробари ин сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ низ хислати тундро касб карда, масъалаи обу энергетика ба яке аз омилҳои низоъомез дар равобити кишварҳо табдил ёфт.
Новобаста аз ин, ҳангоми авҷи ташаннуҷи ихтилофи кишварҳо зимни таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ мақоми Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор ҳамчун омилҳои муайянкунанда таъкид гардид.
Чунин муносибат ва изҳори анъанаҳои ҳамсоягӣ ва камоли инсонӣ зимни вафоти собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ширкат дар маросими такфини ӯ аз суннатҳои неки мардуми тоҷик шаҳодат медод, ки минбаъд заминаи то сатҳи стратегӣ расидани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардиданд.
Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «Дарҳои кушода» ташкил медиҳад, аз дастовардҳои бузурги давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамагон медонанд, ки амалӣ намудани чунин сиёсат аз ҷасорату намунаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд.
Давлати мо дар доираи сиёсати «Дарҳои кушода» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳасана бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.
Тоҷикистон феълан ҳамкории хориҷӣ ва равобити дӯстонаро бо се кишвари ин минтақа дар асоси шарикии стратегӣ амалӣ менамояд, ки ин раванд ба манфиати мардумони ҳамаи давлатҳо мебошад. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст”.
Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз як тараф дар заминаи умумиятҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирад, аз ҷониби дигар, дар заминаи муносибати дӯстонаи Пешвои миллат бо сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад. Чунин сиёсат дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, СҲИ, СҲИ (Созмони ҳамкории исломӣ), Машвари ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сурат гирифта, ҳадафи рифоҳи умумӣ ва таъмини амнияти минтақавиро пайгирӣ менамоянд.
Ҳамзамон, ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба масъалаи об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтаанд, на танҳо ба самти рафъи мушкилоти глобалии сайёра равона шудаанд, балки махсусияти минтақаи Осиёи Марказиро ифода менамоянд. Агар дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишварҳои минтақа масъалаи обу энергетика ба яке аз масоили ихтилофангез табдил гашта бошад, пас дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷикон ва сиёсати пайгиронаи хориҷӣ имрӯз онҳо ба омили наздикшавии мавқеъ ва ҳамгироии кишварҳои минитақа табдил ёфтаанд.
Агар мо аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт соли охир натиҷагирӣ намоем, пас, мо бояд як нуктаро дарк намоем, ки дар шароити осебпазирии кишварҳои миллӣ ва шиддат гирифтани хатарҳои муосир дар нимаи дуюми асри XXI ҳифзи субот ва амният яке аз дастовардҳои асосии кишвар ва натиҷаи фаъолияти Пешвои миллат ба шумор меравад. Дар ин самт таҷрибаи талхи Украина барои кишварҳои собиқ Шӯравӣ намунаи ибрат мебошад.
Аз ҷониби дигар, муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Имрӯз истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ, эътирофи расмии истиқлолияти давлатии мо аз ҷониби 170 кишвари сайёра ва узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ дастовардҳои сиёсати “Дарҳои кушод” мебошанд.
Кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромиши кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуктаи назар, Тоҷикистон ба баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.

А.Н. Шарипов,
дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ДМТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика