Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳо оид ба роҳҳои автомобилгард дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1237


Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1992 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2830,18 км роҳҳои автомобилгард, 5 нақби автомобилгузар ва 405 пули мошингузар бо дарозии умумии 14218,5 метр дар умум сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдид шудаанд, аз ҷумла:

- 2177,6 км аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, тавассути Вазорати нақлиёт;

- 213,4 км аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони асосӣ ҷудогардида, тавассути Вазорати нақлиёт;

- 137,85 км тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: шаҳрҳои Душанбе 8 км, Хоруғ 1,9 км, Бохтар 14,7 км, Кӯлоб 17,2 км, ноҳияҳои Файзобод 3,3 км, Рудакӣ 5,06 км, Ашт 13 км, Мастчоҳ 3,5 км, Роштқалъа 2,2 км, Рӯшон 3,89 км, Ишкошим 2 км, Ванҷ 4 км, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 5,1 км, Муминобод 1,4 км, Панҷ 2,3 км, Қумсангир 3 км, Н.Хусрав 2,5 км, Шаҳритус 2,75 км, Қубодиён 2,66 км, Хуросон 3,04 км, Ш.Шоҳин 1,815 км, Муминобод 1,16 км, Ховалинг 3,877 км, Темурмалик 6 км, Лахш 2,5 км, Сангвор 4 км ва Деваштич 17 км;

- 27,46 км роҳҳои автомобилгард ва 47 пул бо дарозии 2859 метр аз ҳисоби кумаки ташкилотҳои хориҷӣ;

- 9,91 км роҳҳои автомобилгард ва 19 пул бо дарозии 435 метр аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ;

- 263,8 км роҳҳои автомобилгард, инчунин 125,5 км пиёдароҳҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Аз 2830,18 км роҳҳои автомобилгарди дар боло зикршуда 1187,94 км сохтмон, 1176,26 азнавсозӣ ва 1466 км таҷдид шудааст. Аз ин роҳҳо 1503,96 км роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 304,94 км роҳҳои дохили шаҳрӣ ва 1021,28 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Ҳамчунин, аз тарафи ширкатҳою соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири болопуш, ҷорӣ ва шағалпушкунии 5454,6 км роҳҳо, таъмиру барқарорсозии 220 пул бо дарозии 3295 метр ва 23 қубур бо дарозии 120 метр иҷро карда шудааст.
Инчунин, дар ин давра 3,4 км галереяҳои зиддитармавӣ дар ҳамшафати роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанноқ ва 218,95 км хати роҳи оҳан, 3 нақби қаторагузар бо дарозии 3643 метр ва 5 пули қаторагузар бо дарозии 581,68 метр сохта ба истифода дода шудааст.

https://tg.wikipedia.org/




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика