Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роғун – дастоварди бузурги тоҷикон

367Муҳимтарин кашфиёти инсонӣ дар дусад соли охир ботадриҷ ба вуҷуд овардан ва тавлиди қувваи барқ мебошад ва ин нерӯи бузургро ба ҳаёти инсоният татбиқ намудан, онро истифода бурда тавонистан ва ба манфиати одамон ба кор бурдан аст. Кашф гардидани қувваи барқ ба ҳаёти мардуми рӯи олам навгониҳои зиёде овард. Агар дар ибтидо қувваи барқро барои фурӯзон кардани чароғҳо истифода мебурда бошанд, айни замон ягон соҳаи хоҷагии халқро бе он ва дастгоҳҳои барқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Замоне, ки илму фан тараққӣ кард, инсоният аз будааш пештар қадам гузошт ва ҳаёти худро рангинтар сохт, қувваи барқ низ ба ҳаёти одамон ворид шуд. Имрӯз хонадонеро тасаввур кардан муҳол аст, ки дар он ақалан як адад таҷҳизоти барқӣ мавҷуд набошад.
Барои ҳаётро пеш бурдан бояд мо роҳи тавлиди барқро пеш гирем, ки мардуми Тоҷикистон мӯҳтоҷи он набошанд. Дар ин ҷода шукронаи адолати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем, ки сиёсати оқилона ва халқпарваронаро пеша карда, барои бо барқ таъмин намудани тамоми сокинони Тоҷикистон хизматҳои зиёд карданд. Имрӯз аз манбаъҳои табиии кишвар оқилона истифода бурданро омӯхтем, аз ҷумла аз он обҳое, ки дар дохили сарзамини мо ҷорӣ мешаванд, бо истифодаи технологияҳои навтарин нерӯи барқ истеҳсол намуда, бо роҳбарии Пешвои миллат ба ҳаёти саодатмандонаи мардуми кишвар шарафёб мегардем.
Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Неругоҳи барқи обии «Роғун» машғул аст. Ҳар як нидои ин марди накуном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.
Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузошта, саҳмияҳо харида маблағҳо гузоштанд. Имрӯзҳо модарони тоҷик кӯлчаи ширмоли худро ба коргарони НБО-и Роғун мефиристанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат, дастгири ободонии НБО-и Роғун аст. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст.
Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадааст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалӣ Раҳмон ба халқ бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиати ӯ ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд. Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдӯсту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург ҳамеша кӯшиш бар он мениҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориву мамониатҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.
Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.
Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида бошад.
Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати Тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаъол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшида истодааст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” байни иншооти аср муҳимтарин ва байни нерӯгоҳҳои обии ҷаҳон яке аз калонтарин манбаи истеҳсоли барқ, ифтихори миллат, ки оянда дар арсаи умумиҷаҳонӣ обрӯи Тоҷикистон ва дар зиндагонии мардум яке аз асоситарин пояҳои иқтисодии давлат мебошад.
Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқи обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эхтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашида истодааст.
Аҳмадзода Х.З., корманд-мутахассиси кафедраи
фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД, сержанти милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика