Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Темур Зулфиқоров

1088

Темур Зулфиқоров (Зулфиқоров Темур Қосимович; 17 август 1936, Душанбе) — шоир, романнавис ва намоишноманависи русзабони тоҷик.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири “тройка” қарор мегирад. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муҳаққиқони муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки гӯишҳои ҳисориро мавриди пажуҳиш қарор дода, ҳамзамон яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ” буд.
Темур Зулфиқоров аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.
Аввалин асаре, ки худи Зулфиқоров аз он зиёд ёд мекунад ва қадамаш ба адабиётро низ аз он медонад, “Достони марги Амир Темур” буд, ки соли 1971 интишор ёфт. Ва баъди он тадриҷан повесту романҳо ва қиссаҳояш яке паси дигар рӯйи чопро диданд ва имрӯз ин нависандаи маъруф соҳиби 20 китоби назму наср аст, ки дар солҳои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллиард нусха ба беш аз 12 забони олам нашр шудааст.
Бахусус, романҳояш дар бораи Хоҷа Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагораш “Сафари заминӣ ва осмонии шоир” миёни ҳаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Соли 1993 ин асар беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи британиёии “Коллетс” шуд.
Баъди соли 2000 Темур Зулфиқоровро ду маротиба ба ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод кардаанд, вале пазуруфта нашуд. Темур Зулфиқоров барандаи чандин ҷоизаи дигари адабист. Аз ҷумла барои “Барҷастатарин осори адабии рус” соли 2004 романи машҳураш “Масали тилоии Хоҷа Насриддин” сазовори ҷоизаи “Ясная Поляна” шуда буд. Соли 2005 романи “Коралловая Эфа”-и ӯ “Беҳтарин китоби соли 2005” дониста шуд. Соли 2008 сазовори ҷоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои беҳтарин сенария дар Ҳоливуд ҷоизаи «Хартли-Мерилл»-ро соҳиб шуд. Соли 2011 романи “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад (с)” дар озмуни умумирусиягии “Пайғамбар Муҳаммад (с)-раҳмат барои оламиён” ғолиб дониста шуд.
Темур инчунин барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» - 2019 дар бахши фарҳангу санъат шуд, ки ҷоиза аз диплом, нишони рамзӣ ва 2 миллион рубл иборат мебошад.
Адиби шинохта Анатолий Ким мегӯяд, ки Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, ки дар Русия қадрашро надонистаанд. Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика