Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғаффор Валаматзода

185

Ғаффор Валаматзода соли 1932 омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд), соли 1946 омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калони (Большой театр) ш. Маскав ва соли 1951 шуъбаи балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Маскавро хатм намудааст. Солҳои 1932-34 солисти дастаи Театри мусиқии ӯзбек дар ш.Тошканд. 1934-35 раққос ва балетмейстери Театри мусиқии тоҷик (аз с. 1940 Театри опера ва балет), 1951-63 сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, директор, 1963-72 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1965 сарбалаетмейстер ва роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии «Лола», 1984-87 раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд. 12 декабри соли 1993 дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок супорида шудааст. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2, 4, 5, 7). Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1949) ва Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1975). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Барои некдошти Валаматзода ба Ансамбли давлатии рақсии «Лола» номи Ғаффор Валаматзода гузошта шудааст.
Ба қавли Н.Нурҷонов: «Дар драмаҳои мусиқии «Оршин-мол-олон»-и Уз. Ҳоҷибеков (1934, 1936, 1938), «Восеъ»-и Ғ. Абдулло (1937), «Гулсара»-и К. Яшин ва М.Муҳаммадов (1938), намоиши мусиқии «Лола»-и С.Баласанян, А.Баласанян, А.Ленский ва С.Урбах (1939) Валаматзода бо рақсҳои алоҳида ҳунарнамоӣ кардааст. Дар балети «Ду гул»-и А. Ленский нақши Раҷаб ва рақси «Салла», дар «Эҳтиёткории беҳуда»-и П.Гертел нақши Коленро иҷро намудааст. Валаматзода раққоси мумтоз буд, сабук ва мавзун мерақсид, ҳар ҳаракатро зебо ва бо услуби хос иҷро мекард. Дар рақсҳои ӯ мардонагӣ, чобукӣ ва зиндадилӣ таҷассум ёфтааст. Балетҳои ба саҳна гузоштаи Валаматзода дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ: «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1947, 1957), «Сарчашмаи бахт»-и Л. Книппер (1951), «Лауренсия»-и А. Крейн (1952), «Эсмералдо»-и С. Пуни (1953), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1954), «Дилбар»-и А. Ленский (1954), «Гилеми Кабуд»-и В. Волбер (1958) ва ғ. Валаматзода ҳамчун балетмейстери барҷаста дар инкишофи санъати операи тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Ӯ режисёр – басаҳнагузорандаи операҳои миллии «Шуриши Восеъ» (1958), «Комде ва Мадан» (1960), «Домоди номдор» (1961), «Ғуломон» (1980), таҳиягари рақсҳои операҳои «Парии обӣ»-и А. Даргомижский (1951), «Аида»-и Ҷ. Верди (1954), «Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян (1958), «Княз Игор»-и А. Бородин, «Ғуломон», «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ (1960, 1979), «Домоди номдор»-и С. Урбах (1965) ва ғ. мебошад. Филми офаридаи Валаматзода – «Лайлӣ ва Маҷнун» нахустин филми тоҷик буд, ки соли 1960 дар кинофестивали аврупоӣ қадр шуд ва бо Грамотаи «Фестивали Венетсия» сарфароз гардид. Валаматзода басаҳнагузорандаи филми телевизионии «Ансамбли «Лола» ва таҳиягари рақсҳо барои ҳафт филми бадеӣ мебошад. Валаматзода асосгузори Ансамбли давлатии рақсии «Лола» буда, дар он рақсҳои «Сайри лолаҳо», «Синахурӯш», «Дарвозӣ», «Дугонаҳо», «Моҳигирон», «Нағорабазм», «Шодиёна», «Гулъузорам», «Туйи Помир» ва ғ. (дар маҷмӯъ зиёда аз 100 рақс)-ро таҳия намудааст. Валаматзода дар ансамбли «Лола» инчунин рақсҳои ӯзбекӣ, уйғурӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, афғонӣ, арабӣ ва ғ.-ро ба саҳна гузоштааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика