Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абурайҳони Берунӣ

235

Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (форсӣ: ابوریحان بیرونی‎, ар. أبو الريحان البيروني‎; 4 сентябр 973, шаҳри Кос, Хоразм, давлати Сомониён — 9 декабри 1048[2], Ғазна, ҳоз. Афғонистон) — яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс.
Абӯрайҳон дар 14 шаҳривари соли 352 хуршедӣ (баробар бо 6 сентябри соли 973 мелодӣ) дар Коси Хоразм дар оилаи тоҷик зода шудааст. Зодгоҳи ӯ, ки дар он замон рустои кӯчаке буд, баъдан ба ифтихори ӯ ба «Берунӣ» таҷдиди ном дода шуд. Аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда буд. Маълумоти ибтидоиро дар муҳити наздикон касб кард. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузҷонӣ омӯхт. Берунӣ дар яке аз ноҳияҳои Хоразм дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расид ва мувофиқи маълумоти ибни Яқут, тахаллуси «Берунӣ»-ро аз номи ҳамин ноҳия гирифтааст.
Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар «Китоб-ус-сайдана» навиштааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ — забони илмии роиҷ дар ҳамон замон менавишт. Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани дигар забонҳо шурӯъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ азбар намуд. Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Кот, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғ. аз мамолики дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифта буд. Дар синни 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронд. Ӯ устодони чирадасте ба мисли Абуалӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ буд. Ибни Ироқ нисбати пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ менамуд. Берунӣ дар синни 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, кусуфи (гирифти) офтобро мушоҳида кард ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд.
Вазъи солҳои 90-уми асри X дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ба сари ҳокимият омадани Қарахониён дар Хоразм тағйир ёфт ва Берунӣ маҷбур шуд, ки зодгоҳашро тарк кунад. Ҳокимият дар Хоразм ба дасти Маъмун ва ҳукумати ашрофи маҳаллӣ ба дасти ашрофи бегона гузашт. Берунӣ ба Рай омад ва дар он ҷо бо Абумаҳмуди Хуҷандӣ мулоқот намуд. «Дар шаҳри Рай, менависад ӯ, дар асараш „Минералогия“, („Китоб-ул-ҷамоҳир фӣ маърифат-ил-ҷавоҳир“) дӯсте доштам аз тоҷирони Исфаҳон, дар хонаи ӯ будубош мекардам». Мувофиқи маълумоти ҳамин асар, ӯ дар он ҷо бо чанде аз дӯстони заргар ҳамсуҳбат шуда, дар бораи маъданҳо ва ҷавоҳирот маълумоти фаровоне ҷамъ намуд. Дар Рай ба мутолиаи асарҳои Абубакри Розӣ пардохта, аз рӯйи ҳусни таваҷҷуҳ ба навиштаҳои Розӣ, рӯйихати осори ӯро тартиб дод. Берунӣ боз ба Гургон омад ва ҳангоми ҳанӯз дар ватан буданаш бо Ибни Сино ба мукотибаи илмӣ пардохт. Ду абармарди айём роҷеъ ба масоили офоқу анфус, кайҳону замин, масоили физикавиву фалсафӣ назарҳои худро мубодила намуданд. Берунӣ нуктаҳои заъфи фалсафаи Арастуро ёдрас мешуд ва Ибни Сино аз он дифоъ менамуд. Бо вуҷуди қаробати афкору андешаи ин ду бузурги майдони илм, ақидаҳояшон дар масъалаи шинохти олам аз ҳам фарқ доштанд. Берунӣ ба масоли амалӣ шавқи бештар дошт ва Ибни Сино ба масоили назариявӣ машғул буд. Берунӣ дар ин давра дар Гургон асари машҳури худ «Осор-ул-боқия» (Китоби осор-ул-боқийа ани-л-қурун-ал-халийа)"-ро таълиф намуд. Ӯ боз аз чор асари дигари худ, ки дар овони ҷавонӣ навишта шуда буданд, маълумот медиҳад, ки онҳо, мутаассифона, то ба рӯзгори мо омада нарасидаанд ва танҳо чанд порча аз онҳо дар таркиби дигар асарҳо боқӣ мондаанд. Аз онҳо ду асар оид ба нуҷум, саввум оид ба ҳаводиси табиӣ (табиатшиносӣ) ва санъат буда, асари чаҳорум «Таърихи ҳаракати сафедҷомагон ва қарматҳо» ном доштааст, ки ба масоили таърихи сиёсӣ бахшида шуда будааст.

Берунӣ дар Гургон ба ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли замин ё нисфуннаҳор (меридиан) пардохт ва дар ин кор ӯро аз ҷиҳати молӣ амири Гургон Қобуси Вушмгир дастгирӣ мекард. Амир Қобус ба Берунӣ вазифаи вазириро пешниҳод намуд, вале ӯ ин пешниҳодро рад кард. Баъди чанде ҳокимият дар Хоразм ба дасти Ибни Маъмун (Абулҳасан Алӣ) гузашт. Соли 1004 Абурайҳонро бо хоҳиши Хоразмшоҳ дубора ба Хоразм даъват намуданд ва ӯ яке аз ашхоси сиёсӣ ва наздиктарин мушовири шоҳ гардид. Аз порчаҳое, ки аз асари ӯ «Таърихи Хоразм» дар китоби «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ боқӣ мондаанд, маълум мешавад, ки ӯ дар дарбори Хоразмшоҳ ҳафт сол (1010 — 17) фаъолият доштааст. Дар Хоразм ҳавзаи илмие бо иштироки уламои машҳури замон, ба мисли Ибни Ироқ, Ибни Сино, Абусаҳли Масеҳӣ ва дигарон таъсис ёфта буд. Дар ин марказ Берунӣ ва ҳамкасбони ӯ ба мушоҳида ва таҳқиқи масъалаҳои нуҷум пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намуданд.
Дар натиҷаи ҳаракати васеи қабоили турку оғуз ба сӯи ҷанубу ғарб — Суғду Бохтар (Мовароуннаҳр ва Хуросон) баъди Қарохониён ба арсаи таърих Ғазнавиён омаданд ва фасли нави таърихи сиёсии Осиёи Марказӣ ва саргардонии нави Берунӣ шурӯъ шуд. Султон Маҳмуд баъди ғасби Хоразм олимони ҳавзаи илмии он маҳал, аз ҷумла Беруниро асир гирифта, ба пойтахти наваш — шаҳри Ғазна фиристодан мехост. Азбаски Берунӣ муаллифи асар дар бораи ҳаракати қарматиён дар Осиёи Марказӣ буд, андешаҳои ақлгароёнаи онҳоро ғоибона дастгирӣ мекард ва андешаҳои ифротгароёнаву таассубомези фақеҳони маҳаллӣ, бахусус сиёсати ғосибонаи феодалҳои туркҳои кӯчманчиро қабул надошт, Султон Маҳмуд ва наздиконаш ӯро ба мансубият ба исмоилиён айбдор намуда, мехостанд, ки ӯ ва яки дигар аз олимони хоразмӣ — Абдусамад Авлиёро ба қатл маҳкум кунанд. Вазири султони Ғазна — Хоҷа Ҳасан, ки шахси дурандеш буд, аз Берунӣ дифоъ кард ва ҳаёти ӯро наҷот дод, вале ғазнавиён Абдусамадро ваҳшиёна куштанд. Баъдан ба шахсони ба султон наздик муяссар гардид, ки шоҳро бо Берунӣ оштӣ диҳанд. Ҳамин тариқ, Берунӣ дар дарбори Султон Маҳмуд 13 сол зиндагӣ ва кор кард. Дар Ғазна Султон Маҳмуд ба ӯ ва олимони дигар шароити кор омода намуд. Берунӣ ба навиштани китоби наваш «Таърихи Хоразм», асари «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин», «Андар муайян кардани ҳадд барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зисти мардум» («Геодезия») шурӯъ намуд. Дар Ғазна ӯ инчунин асари «илал-Қонун-ил-Масъуди фи-л ҳайат ва-н-нуҷум»-ро ба анҷом расонд. Соли 1029 Берунӣ дар Ғазна китоби «ат-Тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим»-ро навишт, ки бо номи «Китоб-ут-тафҳим» машҳур аст ва он бо забонҳои арабиву форсӣ то ба замони мо расидааст. Ибни Яқут вазъияти мушкили олимони ҳамтои Беруниро дар дарбори Султон Маҳмуд тасвир карда менависад, ки ҷоҳилии ин шахс ба дараҷае буд, ки ӯ ҳар гуна маълумоти нави илмӣ, мушоҳидаҳои ҷуғрофиро бо куфр ва қарматия алоқаманд мекард. Султон Маҳмуд ширкати Беруниро дар юришҳои ғосибонаи худ ҳатмӣ мешуморид. Аз ин рӯ, бо истифода аз чунин имкон Берунӣ тавонист, ки чанде ба Ҳиндустон сафар кунад, бо олимони Ҳинд ҳамсуҳбат гардида, андешаҳои илмии мардумони Ҳиндро омӯзад. Чанд вақт Берунӣ дар шимоли Ҳиндустон, дар қалъаи Нандиа ба кори ҳисоббарории доираи кураи Замин машғул гардид ва ба ӯ муяссар шуд, ки то соли 1030 дар бораи фарҳангу илми Ҳиндустон асари алоҳидаеро бо номи «Мо ли-л-Ҳинд» («Таҳрир мо ли-л Ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақл-ил-марзула») таълиф кунад.
Баъди марги Султон Маҳмуди Ғазнавӣ давраи зиндагии нисбатан оромтаре барои Берунӣ фаро расид. Ба ҷойи Маҳмуд писараш Масъуд ба тахти шоҳӣ нишаст, ки нисбат ба илму таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи фавқулода нишон медод ва Беруниро ҳаматарафа дастгирӣ менамуд. Тибқи ахбор онҳо шабҳо дар бораи сохти замину кайҳон суҳбат мекарданд. Берунӣ ба ӯ сабабҳои фарқияти дарозии рӯзу шабро шарҳ медод ва дарси забони арабӣ меомӯхт, ҳамчунин дар бораи умури корҳои идории давлатӣ ҳидоят медод. Чун нишони ин таваҷҷуҳ ва муҳаббату садоқати Султон Масъуд ба Берунӣ ӯ бо хотири ором асари дигари нуҷумӣ иншо кард, ба номи ӯ «Қонуни Масъудӣ» гузошт. Дар ин давра қабилаҳои дигари кӯчӣ бо номи «салоҷиқа» ба ҳаракат даромада, даъвои ҳукумат карданд ва соли 1040 шоҳ Масъудро ба қатл расонданд. Бо дигар шудани авзоъ Берунӣ аз ҷустуҷӯҳои илмӣ даст накашид ва тавонист, ки асари «Минералогия»-ро ба охир расонад. Вазъи саломатии Берунӣ пас аз ин бад гардид ва ӯ дар ҳолати беморӣ «Китоб-ус-сайдана» («Китоб дар бораи маводди табобатӣ» — «Фармакогнозия»)-ро ба охир расонд. Китоби мазкур дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва тарзу тариқаи истифодаи онҳо дар табобат иншо шудааст. Ҳамзамон дар хусуси хосияти шифобахшии ҳайвонот ва маъданҳо низ маълумот додааст. Ҷолибияти бештари маълумоти китоби фавқуззикр он аст, ки номҳои адвиёт ба забонҳои паҳлавӣ, арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ ва санскритӣ оварда шудаанд. То фарҷоми умри бобаракати худ Берунӣ дар Ғазна дар манзили писари Масъуд — Мавдуд умр ба сар бурд ва дар ҳамон ҷо оламро падруд гуфт.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика