Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гулназар Келдӣ

768

Гулназар Келдӣ - Шоири халқии Тоҷикистон (1995). Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ИҶШС (СССР). Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994). Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз ва сипас дар маҷаллаи “ Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол аст.

Эҷодиёт
Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар соли 1969 нахустин маҷмӯаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон мунташир кард.
Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика