Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НОРАК: Ҷавонон ба раванди амалисозии ислоҳоти милитсия ҷалб карда мешаванд!

433

Чуноне ҳамагон огоҳанд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шудааст, ки имрӯз амалисозии талаботи он дар Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои поёнии он сурат гирифта истодааст.

Ҳамзамон, дар заминаи ин санад дар назди Сарраёсату раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояту минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2014 тасдиқ шуда, дар ин замина кори Шӯроҳои ҷамъиятии мазкур дар мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва гузаронидани вохӯриву чорабиниҳои судманд бо намояндагони касбу кори гуногун назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар ин замина зикр кардан ба маврид аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Нораки вилояти Хатлонро зани масъулиятшинос ва дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ фаъол Нигина Раҳимова ба зимма дорад. Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии ташкилоти «Дунёи бехатар» ва созмони ҷамъиятии «Заршедабону» дар шаҳри Норак давоми як ҳафта семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Бо мо бош!» гузаронида шуд, ки дар он ҷавонони аз 18 то 29-солаи маҳаллӣ иштирок намуданд.

434

Дар ҷараёни семинари мазкур ҷавонон оид ба раванди амалисозии ислоҳоти милитсия дар ҷумҳурӣ шинос шуда, дар кори ин ҷамъомад, дар баробари масъулини як қатор корхонаву идораҳо, ҳамзамон сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Амрулло Файзуллозода низ иштирок намуд. Мавсуф оид ба раванди амалисозии ислоҳоти милитсия ва нақши ҳамкории аҳолӣ бо милитсия дар назди иштирокчиёни семинар баромад намуд. Инчунин, дар ин ҷамъомади судманд ҳамоҳангсозон аз ташкилоти «Дунёи бехатар» Гулбаҳор Ҷумабоева, аз ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» Шаҳриёр Баротов ва роҳбари Шӯрои ҷамъиятии назди ШВКД дар шаҳри Норак Нигина Раҳимова доир ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн байни милитсия ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии шаҳрвандон ба милитсия, ҳифзи ҳуқуқу манофеи шаҳрвандон, сабабҳои ангезиши низоъҳо миёни ҷавонон ва роҳҳои ҳалли онҳо, муттаҳидии аҳли ҷомеа ҷиҳати рафъ намудани мушкилоти ҷавонон, ҳамчунин саҳмгузории онҳо дар ошкору пешгирии қонуншиканиҳо маърӯзаҳо намуданд.

Дар баробари омӯзиш, ҳамчунин иштирокчиёни машғулият доир ба ҳар як мавзӯи гузаштаашон изҳори назар карданд. Аз ҷумла, иштирокчиён Суҳайло оид ба ҳамкории милитсия, Тайиса аз рафти курси омӯзишӣ ва бо гурӯҳ кор карда тавонистан, Фаррухи Эмомназар бошад, аз мақоми сардор дар гурӯҳ ва тафовути он аз лидер, Моҳсафар Амирбекзода оид ба мақоми шахси ихтиёрӣ (волонтёр), яъне шахсе, ки дар корҳои ҷамъиятӣ ихтиёран саҳмгузорӣ менамояд, ҳамчунин доир ба дигар паҳлӯи мавзӯъҳои омӯхтаашон баромадҳо намуданд.

Тавре роҳбари Шӯрои ҷамъиятии назди ШВКД дар шаҳри Норак Нигина Раҳимова иброз дошт, мақсад аз баргузории чунин машғулияти омӯзишӣ миёни ҷавонон, пеш аз ҳама муттаҳид намудани ин қишри фаъоли ҷомеа баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, посдории тартиботи ҷамъиятӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ мебошад, зеро ҷавонон нерӯи бузурге ҳастанд, ки метавонанд бо корҳои созандаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Ҳамоҳангсози ташкилоти «Дунёи бехатар» Гулбаҳор Ҷумабоева, дар навбати худ қайд намуд, ки дар ин семинар ҷавононе, ки аз шаҳри Норак ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, мавзӯъҳои баррасишударо зуд аз худ карда, тавонистанд дар ин самт хулосабарорӣ низ намоянд.

Бояд қайд кард, ки семинари омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи «Чашма»-и шаҳри Норак гузаронида шуда, иштирокчиёни он, ки аксаран ҷавонон буданд, давоми ҳафт рӯз бо омӯзиш ва истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Ҳамин буд, ки онҳо аз сатҳи баргузории ин машғулияти омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос карданд.

435

Дар қисмати ҷамъбастии семинари омӯзишӣ, ки бо иштироки сардори ШВКД дар шаҳри Норак полковники милитсия Илҳом Файзуллозода, муовини раиси ин шаҳр Шаҳло Ҳасанзода, сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ва дигар мутасаддиён баргузор гардид, ба иштирокчиёни он барои бомуваффақият хатм намудани курси омӯзишӣ дар вазъияти тантанавӣ сертификатҳо тақдим карда шуданд.

Ҷавонони иштирокчии ин машғулияти омӯзишӣ тасмим гирифтанд, ки пас аз хатми он ҳатман миёни ҳамсолон донишҳои азбарнамудаашонро дар бораи ислоҳоти милитсия тарғибу ташвиқ намуда, дар раванди ба роҳ мондани ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз худ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳанд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ

Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика