Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд дар доираи ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Рашт

263

Рӯзи 18-уми апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи маркази бемориҳои сили Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва РВКД дар ноҳияи Рашт вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҷомеа гузаронида шуд.

264

Дар ин вохӯрӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар мавзӯъҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия”, “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020”, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, Низомномаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия баромадҳо намуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси ноҳия Ҷамолиддин Давлатов ба иштирокчиён дар бораи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баромад намуд. Дар баромади худ Давлатов Ҷ. қайд намуд, ки дар асоси “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз ҷониби мақомоти иҷроия нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, суҳбату вохӯриҳо дар байни роҳбарони муассисаҳо, кормандони бахшу идораҳо ва сокинони ноҳияи Рашт гузаронида мешаванд.
Сипас, аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Сарбозшо Абдуллоев, Қурбонали Носиров, Қосимов Саиднозим ва Раҷабалиева Матлуба оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия”, “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020” ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди ислоҳоти милитсия ва пешгирӣ намудани ҳуқувайронкуниҳо баромад намуданд.

265266

Намояндаи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт капитани милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила Зарина Носирова баромад намуда, саҳми фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро дар минтақа ва ноҳияи Рашт хуб арзёбӣ намуда, қайд кард, ки аъзоёни Шӯрои ҷамъияти оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар н.Рашт дар ҳамкорӣ бо РВКД дар самти пешгирии ҳуқувайронкуниҳо дар байни ҷавонон ва наврасон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба ҳамкории ҷомеа бо милитсия бисёр корҳои судманро ба анҷом расонида истодаанд. Носирова Зарина дар баромади худ қайд намуд, ки дар ҳамкорӣ бо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ дар байни аҳоли баромадҳо дар бораи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро”, “Пешгирии ҷудошавии оилаҳо”, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо фаъолон дар ҷамоатҳо мунтазам гузаронида мешавад.
Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрам саволу ҷавобҳо ва пешниҳодҳои судманд намуданд.
Мансурҷон Ҳаётов, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар н.Рашт


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика