Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафи ислоҳоти милитсия – ҳамкорӣ бо мардум

120

Рӯзи 1-уми марти соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд чорабинӣ оид ба барномаи ислоҳоти милитсия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Полвон, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихон Мансуров, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори шӯъбаи адъюнктураи Академики ВКД ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқ Раҳматҷонзода Рифъат Раҳматҷон, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён, раисони маҳалла ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Алихон Мансуров, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани чорабинии мазкур ҳарф зад.
Сипас, Бухоризода М.Ғ. оид ба Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 сухан ронда, оид ба ҳадаф ва мақсади ҷорӣ намудани ислоҳот андешаронӣ кард. Зикр карда шуд, ки дар шуури ҷомеа симои иҷтимоии куллан нави корманди милитсия, ки аз амалҳои коррупсионӣ холӣ аст ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон мебошад, ташаккул дода шавад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки муҳим аз ҳама баланд бардоштан ва рушди тавонмандии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия ва ҳифзи иҷтимоии кормандони милитсия аз самтҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки вазифаи асосии Шӯроҳо ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» бо роҳи муҳокимаронии ҷамъиятӣ ибрози фикру андешаҳо, пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти милитсия, фаъолгардонии ҳамкориҳо бо ҳама Шӯроҳо мебошад ва ба мардум фаҳмонидани раванди ислоҳоти милитсия, корҳои ба сомон расонида дар доираи ислоҳот яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.

121

Оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия ва таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия” Раҳматҷонзода Рифъат Раҳматҷон ибрози назар намуд.
Зимни суханронӣ ҳамчунин оид ба мақсади ислоҳоти милитсия, ки беҳтарсозии кору хизмат ва робита бо ҷомеа мебошад, ибрози назар карда шуд.
Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба масъалаҳои мубрам саволу ҷавоб доир гардид.
Як қатор кормандони ғайриштатӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд бо тӯҳфаву Сипсномаҳои ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.
Моҳира РАҲИМЗОДА,
шаҳри Хуҷанд


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика