Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафи ислоҳот ҳамкории бештари милитсия бо мардум

Барои амалигардонии ислоҳот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расид ва дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он» тасдиқ гардид.

Дар самти амалигардии фармон ва Барномаи мазкур дар вилояти Хатлон низ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон соли сеюм аст, ки фаъолияти хешро тибқи Низомномаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва нақшаҳои тарҳрезишуда ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои мусбӣ ноил гаштааст. Тибқи реҷаи корӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, доир ба ислоҳоти милитсия ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Ҳамчунин дар ин замина дастурамалу варақаҳои иттилоотӣ ба чоп расида, пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.
Чанде қабл дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Хатлон вохӯрии Шӯрои ҷамъиятӣ бо кормандони раёсат, аз ҷумла нозирони минтақавӣ баргузор гардид.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия Лоҳутӣ Шоҳназаров доир ба нақшаву дурнамо ва фаъолияти Шӯро изҳори андеша намуда, таъкид дошт, ки барои дар амал татбиқ гардонидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Раёсат, шуъбаҳо ва нозирони тартиботи ҷамъиятӣ бояд бо аъзоёи Шӯро ва аҳолӣ ҳамкориро зич намоянд.
Муҳим аз ҳама баланд бардоштан ва рушди тавонмандии касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рафти амалисозии ислоҳоти милитсия ва ҳифзи иҷтимоии кормандони милитсия аз самтҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад, таъкид дошт дар мулоқот Лоҳутӣ Шоҳназаров.
Тавре, ки А.Файзуллозода, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон иброз намуд, вазифаҳои асосии Стратегияи ислоҳоти милитсия баланд бардоштани сатҳи таҳсил ва маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон, тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия мебошад.
Воқеан вазъи имрӯзаи ҷаҳон водор месозад, ки шаҳрвандони Ватани азизамон баҳри амнияту пойдории Ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷиноӣ, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ беш аз пеш тадбир андешанд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад».
Вахшона, вилояти Хатлон. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика