Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Саҳми «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар таҳкими ҳамкорӣ бо мардум ва пешгирии ҷинояткорӣ

Дар доираи амалигардонии стратегияи давлатии «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», ки мақсади асосиашро ҳамкории мутақобилаи мардум бо милитсия дар пешгирӣ алайҳи кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифти ҳуқуқии шаҳрвандон ташкил медиҳад, дар Раёсати ВКД Ҷумурии Тоҷикистон ва сохторҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуданд.

Бо иқдоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади таъмин ва иҷроиши самтҳои асосии «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» дар назди Вазорати корҳои дохилии кишвар лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» рӯи даст гирифта шудааст, ки маҳаки асосиаш тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо мардум ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки ислоҳоти милитсия иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди амал ва коргузорӣ қарор дорад.
Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи иҷроиши барномаҳои давлатии зикргардида дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолияти «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» таъсис дода шудааст.
Айни ҳол дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолияти 11 «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» (Хуҷанд ва Исфара 2 – 1 ададӣ, Б. Ғафуров, Айнӣ, Панҷакент – 2 ададӣ, Гулистон - 3 адад) ва 1 ҳуҷраи Шӯрои ҷамъияти оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Суғд фаъолият доранд.
Дар марказҳои мазкур аз ҳисоби намояндагони соҳаҳои гуногун олимон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, раисони кумитаю маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, фаъолони маҳал ва кормандони милитсия гурӯҳҳои корӣ созмон ёфта, баҳри таъмини бехатарии ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бартарафнамоии мушкилоти аҳолӣ ва муҳимтар аз ҳама пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ амал намуда истодаанд. Гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ, ташкили вохӯрию мулоқотҳо, семинару машваратҳои корӣ барои муайян ва бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ маҳаки асосии фаъолияти марказҳо мебошад.
Бо дастрасии талаботҳои «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №841 аз 11.11.с.2014 тасдиқ карда шудааст, бо мақсади ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия, ташаккул ва амалан тадбиқнамоии сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, бо ҷалби 12 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Раёсат Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия созмон ёфтааст. Шӯрои мазкур давоми семоҳаи якуми соли равон чорабиниҳои зеринро:
- гузаронидани ҷаласаҳои ҳармоҳаи Шӯрои ҷамъиятӣ:
- чорабиниҳо оид ба ҳамкории Шӯрои ҷамъиятӣ бо ВАО:
- фаъолияти таҳлилӣ:
- фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ:
- баланд бардоштани иқтидори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила амалӣ намудааст. Дар баробари иҷрои нақша, вохӯрии аъзоёни Шӯро бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шудааст.
Дар Минтақаи хизматии маъмурии №2 шаҳри Хуҷанд «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва ҳуҷраи кории пешгирии зӯроварӣ дар оила» фаъолияти босамар дошта, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 58 ариза ва шикояти шаҳрвандон баррасӣ гардидааст. Иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта назаррас буда, бо ҷалби онҳо 348 маротиба бо оилаҳои ноустувор сӯҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида шудааст. Ҳамкории нозири калони пешгирии зӯроварӣ дар оилаи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо масъулини ташкилоти ҷамъиятии «Маркази занон Гулрухсор» ба роҳ монда шуда, бештар ба самти муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст.
Дар шаҳри Гулистон дар заминаи ҳамкории ВКД бо ташкилоти байналхалқии «Эмерҷенсгруп» «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз соли 2011 ба фаъолият оғоз намудааст. Марказҳо 3 ададро ташкил дода, яке дар дохили бинои маъмурии ШВКД, дигаре дар бинои 8 «а» кӯчаи Истиқлол ва дар бинои №16 кӯчаи Нурматови ҷамоати деҳоти Сирдарёи шаҳри Гулистон воқеъ гардида, барои корбарӣ бо ҷомеа истифода мешаванд.
Инчунин бо дастгирии ташкилоти байналхалқии «СЕЙФЕРВОРД» моҳи марти соли 2017 дар бинои №25 кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Гулистон «Маркази дастгирии занон» ташкил ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар «Марказҳои ҳамкории ҷомеа бо милитсия»-и шаҳри Гулистон давоми 3 моҳаи аввали соли 2017 ҳамагӣ 16 маротиба семинар-машварат бо иштироки намояндагони ташкилотҳои «СЕЙФЕРВОРД» ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон (САҲА) баргузор гардидааст. Ҳамзамон санаҳои 7-ум ва 11-уми моҳи январи соли ҷорӣ 3 нафар аъзоёни гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «КАДКА» ба шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор сафари хизматӣ анҷом дода, дар семинар-тренинг иштирок намуданд.
Дар ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров 2 «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» таъсис дода шуда, дар шаҳраки Ғафуров ва ҷамоати деҳоти Хистеварз фаъолият мебаранд. Дар марказҳо 24 нафар аз ҳисоби сокинони ноҳия - шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ ба ҳамкорӣ ҷалб гардидаанд.
Аъзоёни гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Б.Ғафуров ҳамкориро бо ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумлаи «СЕЙФЕРВОРД», «КАДКА», «АЗИТ», «Академияи миллии олимпии Тоҷикистон», «Гурдофарид», «Сипарони Ватан» ва дигар созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи кории кормандони милитсия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар зиёда аз 5 тренингу семинарҳои омӯзишӣ ширкат варзида, таҷрибаи пешрафтаи коргузориро омӯхтанд.
Давраи сипаришудаи соли равон дар «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-и шаҳраки Ғафуров 3 маротиба ва дар ҷамоати Хистеварз 10 маротиба вохӯрии гурӯҳҳои корӣ бо аҳолӣ доир гаштааст. Дар мулоқотҳо вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери террористӣ-экстремистӣ дошта ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯз муҳокима гардида, барои решакан кардани ингуна зуҳуроти номатлуби халалдоркунандаи амнияту субот шаҳрвандон ба ҳамкори ҷалб карда шудаанд.
Аз ҳисоби 26 нафар наврасону ҷавонони фаъол дар «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-и ҷамоати деҳоти Хистеварз гурӯҳи «Авангард» таъсис дода шуда, нерӯи созандаи ҷавонон барои бурдани корҳои тарғиботии солимгардонӣ миёни ҳамсолонашон сафарбар гардид. Ҳамзамон санаи 14.02.с.2017 бо ташаббуси «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров «Рӯзи дарҳои кушод» эълон гардида, аъзоёни гурӯҳи «Авангард» имкон пайдо карданд, ки аз наздик бо рафти хизматбарӣ ва фаъолияти кормандони милитсия шинос шаванд.
Бо мақсади равнақ бахшидани робитаи милитсия бо ҷомеа ва табодули таҷриба намояндагони ташкилоти «АЗИТ» дар «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-и ҷамоати деҳоти Хистеварз моҳи феврали соли 2017 вохӯрии гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Б.Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Лейлеки Ҷумҳурии Қирғизистонро ташкил намуданд.
Илова бар ин, гурӯҳҳои кории дар ноҳияи Б.Ғафуров фаъолиятбарандаи «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз ҳисоби гурӯҳи «Авангард» дар рафти чорабиниҳо бахшида ба «Наврӯзи байналмиллалӣ» дар байни ҳафт ҳазор нафар иштирокчиён аксияи фаҳмондадиҳӣ зери шиори «Ҳамкори милитсия бош», «Ҳаёт бе нашъа» ва «Ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020» доир намуда, вобаста ба моҳияти шиорҳои мазкур 2000 адад варақаҳо паҳн намуданд.
Дар соли 2017 бо мақсади мустаҳкам намудани робита ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар назди ШВКД-2 дар шаҳри Исфара таъсис дода шуд. Ҳуҷраи корӣ дар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ҷойгир буда, сокинони фаъоли ҷамоат ба ҳамкорӣ ҷалб гардидаанд. Дар марказ вобаста ба ҳалли муаммоҳои дар минтақа ҷой дошта, аз ҷумла муноқишаҳои оилавӣ ва баҳсҳои наздисарҳадӣ корбарӣ менамоянд. Ҳарчанд маркази мазкур навтаъсис бошад ҳам фаъолияти натиҷабахш дорад.
Аз соли 2013 инҷониб дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар ҷамоати деҳоти Урметан ва ҷамоати деҳоти Айнӣ бо мусоидати ташкилоти «Эмерҷенсгруп»-и Сафорати Амрико дар Тоҷикистон «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» таъсис ёфт.
Давоми се моҳаи аввали соли 2017 гурӯҳҳои кории марказҳои мазкур як маротибагӣ бо аҳолӣ мулоқот доир намуда, ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва саривақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар минтақаҳои маъмурии хизматии №2 ва №4-и ШВКД дар шаҳри Панҷакент шурӯъ аз соли 2013 «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ташкил шудааст. Нуқтаҳои корбарии аҳолӣ бо милитсия дар марказ ва шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷкент таъсис ёфта, шароити мусоидро барои ҳамкории ду қувваи бузург милитсия ва ҷомеа фароҳам овардааст. Бо мусоидати ташкилоти байналхалқии САҲА (ОБСЕ) аз тарафи кормандони милитсия ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони пешсаф» мунтазам моҳе як маротиба бо аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст.
Бо мақсади муқаррар намудани самтҳои фаъолият ҷамъомади аъзоёни гурӯҳҳои кории «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» моҳе як маротиба доир гашта, коргузорӣ нақшабандӣ карда мешавад. Минтақаҳои осебпазир, ки дар онҷо муноқишаҳои оилавӣ, афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ ҷой дорад ба нақшаи кории гурӯҳҳо ворид ва маҳз дар чунин минтақаҳо корҳои тарғиботии солимгардонӣ пурзӯр карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин давра бо масъулини «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-и дар ҳудуди шаҳри Панҷакент фаъолиятбаранда, намояндагони ташкилоти САҲА як маротиба вохӯрӣ доир намуданд.
Қобили таъкид аст, ки фаъолияти «Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баҳри густариши робитаи шаҳрвандон бо милитсия пешбинӣ гардида, ҳадафи ягонаи он баҳри ҳифзу пояндагии тартиботи ҷамъиятӣ, решакан гардидани унсурҳои ҷиноӣ равона шудааст. Бо ҳамин мақсад масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, чорабиниҳои таъсиррасонанда ва самарабахшро амалӣ менамояд, ки яке аз ингуна чорабиниҳои мақсаднок амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» мебошад.
Аз 15 феврал то 15 марти соли равон бо ҷалби кормандони Раёсат ва Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар минтақаҳои маъмурии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят амалиёти мазкур таҳия ва дар ҳайати 7 гурӯҳи корӣ қувваю воситаҳои мақомоти милитсия дар якҷоягӣ бо дигар бахшу хадамотҳои мақомотҳои маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шуданд. Ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва иштироки шаҳрвандон дар чорабинии ҳуқуқӣ дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақа мусоидат намуд.
Рафти амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” дар баробари мустаҳкам намудани ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ собитгари он аст, ки шаҳрвандон дар мубориза бо ҷинояткорӣ фаъолтар гардидаанд.
Акбар Шарифов, сардори Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, капитани милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика