Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар – машварат оид ба ислоҳоти милитсия дар РВКД вилояти Суғд

10-уми феврали соли 2017 дар РВКД дар вилояти Суғд бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати мазкур бо дастгирии РВКД дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ бо иштироки зиёда аз 250 нафар кормандони милитсия доир гардид.

Дар семинар - машварат Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ширкат варзида, доир ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ ва аъзои ҳамин Шӯро Нарзулло Ахмедов оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ва ояндаи фаъолияти милитсия дар Тоҷикистон - Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ намояндаи Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон Аъзам Азимов оид ба ҳамкории судманд бо Шӯрои ҷамъиятӣ дар самти ислоҳоти милитсия ибрози андеша намуд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика